Бозтоби сафари вазири дифои Тоҷикистон ба Эрон дар расонаҳои минтақа
Сафари вазири дифои Тоҷикистон ба Теҳрон дар расонаҳои мухталифи хабарӣ дар Осиё бозтоб доштааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, хабаргузории давлатии Ховари Тоҷикистон навишт : « Генерал Шералӣ Мирзо дар сафар ба Ҷумҳӯрии исломии Эрон бо раҳбарони баландпояи сиёсӣ-низомӣ дидор хоҳад кард, то бахше васеъе аз мавзӯъоти мавриди алоқаи марбут ба ҳамкориҳои низомӣ - фанниро бо мизбонони худ дар миён бигзорад .»
Ба гуфтаи сарҳанг Фаридун Муҳаммадализода-сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон ҳамоҳангӣ ва табодули иттилоот дар муборизаи муштарак бо тероризм яке дигар аз мавридҳои гуфтугӯ дар сафари Мирзо ба Теҳрон ба шумор меояд.
Хабаргузории ахбори тиҷорӣ ва молии Ховари Миёна(MENAFN) низ ба изҳороти амири сартип Ҳотамӣ-вазири дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар ин дидор бо ҳамтои тоҷики худ ишора кард ва навишт : « Амир Ҳотамӣ дар дидор бо вазири дифои Тоҷикистон гуфт:Пас аз ба поён расидани таҳримҳои низомии Ҷумҳӯрии исломии Эрон бар асоси қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид, Эрон дар содироти силоҳу таҷҳизоти дифоӣ ҳеч мушкилӣ надорад . »
Хабаргузориҳои Анатолия ва ТРТ-и Туркия низ дар гузоришҳое ба сафари вазири дифои Тоҷикистон ба Теҳрон пардохтанд ва онро аз зовияҳои мухталиф баррасӣ карданд.
Генерал Шералӣ Мирзо-вазири дифои Тоҷикистон рӯзи сешанбе 6 апрели 2021 бо ҳадафи табодули назар бо мақомоти олирутбаи Эрон ва ба даъвати ҳамтоии эрониаш ба Теҳрон сафар кардааст.
Сафари генерал Мирзо ба Теҳрон дар шароите, ки Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умӯри хориҷаи Эрон ба тозагӣ бо ҳадафи ширкат дар нуҳумин конфронси қалби Осиё ва гуфтугу бо мақомоти олирутбаи Тоҷикистон дар бораи равобити дуҷониба ба Душанбе сафар кард, аз аҳамияти фаровоне бархурдор аст.
Бештар бихонед :
-
Генерал Шералӣ Мирзо: Бо бахше аз тавони низомии Эрон ошно шудем
-
Тавофуқ барои ташкили гурӯҳи кории муштараки дифоӣ ва низомии Эрону Тоҷикистон
-
Вазири дифои Эрон: Эрону Тоҷикистон дар таҳдиди тероризм ҳастанд