Апрел 09, 2021 21:01 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон: Хоки Тоҷикистон муқаддас аст ва ба касе вогузор нахоҳад шуд
    Раҳмон: Хоки Тоҷикистон муқаддас аст ва ба касе вогузор нахоҳад шуд

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, ки ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара таҳти ҳеч шароите ба кишвари ҳамсоя вогузор нахоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи ҷумъа дар сафар ба ҷамоати Ворух ва дидор бо сокинони ин минтақа гуфт, ки хоки Тоҷикистон муқаддас аст ва ба касе вогузор нахоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаи Ворух барномаи вижаеро амалӣ хоҳад кард.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон изофа кард: Душанбе аз муддатҳо қабл тарҳи аломатгузории марзи муштарак бо Қирғизистонро таҳия ва ба кишвари ҳамсоя ироа карда, аммо то ба ҳол посухи мушаххасе дар ин маврид нагирифтааст. Аз ин рӯ, мавзӯи иваз кардани Ворух дар музокироти марзӣ бо Қирғизистон аслан матраҳ нест ва бештар фазосозиҳои расонаӣ аст.

Минтақаи Ворух, ки тобеи ноҳияи Исфараи вилоят Суғд аст, дар дохили хоки Қирғизистон воқеъ шудааст ва ихтилофи Душанбе ва Бишкек бар сари ин минтақа ба баҳси доғи Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи собиқи Тоҷикистон ва генерал Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ табдил шуд.

Зарифӣ таъкид карда буд, ки Ворух ҷузъи ҷудоинопазири Тоҷикистон аст ва бо ҳеч шароите ба Қирғизистон вогузор нахоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп