Боздошти дубораи муттаҳам ба қатли Ҳувайдо пас аз 3 сол
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i65018-Боздошти_дубораи_муттаҳам_ба_қатли_Ҳувайдо_пас_аз_3_сол
Бар асоси ҳукми додгоҳи вилояти Маскав қотили духтари 5 солаи тоҷик дар Русия пас аз 3 сол кашмакаш дубора боздошт шудааст .
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 10, 2021 08:57 Asia/Dushanbe
  • Александр Сёмин муттаҳам аст дар соли 2018, Ҳувайдо Тиллозода-духтари 5 солаи тоҷикро ба қатл расонда аст
    Александр Сёмин муттаҳам аст дар соли 2018, Ҳувайдо Тиллозода-духтари 5 солаи тоҷикро ба қатл расонда аст

Бар асоси ҳукми додгоҳи вилояти Маскав қотили духтари 5 солаи тоҷик дар Русия пас аз 3 сол кашмакаш дубора боздошт шудааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, Александр Сёмини 31 сола, ки ба қатли фоҷеабори Ҳувайдо Тиллозода-духтари 5 солаи тоҷик муттаҳам мебошад, пас аз 3 сол дубора ба муддати 3 моҳ боздошт шудааст .

  Дар ин муддат бастагони қотили ин кӯдаки тоҷик талоши зиёде ба харҷ доданд, то вайро аз нигоҳи равонӣ номутаъодил муаррифӣ кунанд, ки бо эътирози вакили мудофеъи парвандаи Ҳувайдо Тиллозода, додгоҳи вилояти Маскав ҳукми боздошти дубораи Александр Сёминро содир кард. 

Қатли фаҷеи духтари хурдсоли тоҷик дар Русия

    Ин кӯдаки хурдсол рӯзи 22 июли соли 2018 ҳангоми бозӣ бо дигар кӯдакон аз маҳали истиқомоти волидайнаш дар шаҳри Серпуховои вилояти Маскав нопадид шуд ва як рӯз баъд ҷасади пора-порашудаи вайро ёфтанд .

  Полиси ҷиноии Маскав пас аз чанд рӯз муттаҳамро шиносоӣ ва боздошт кард, аммо таи се соли гузашта ин моҷаро ба далели коршикании бастагони қотил ба саранҷом нарасид .

 

 

  Бештар бихонед :