Апрел 11, 2021 11:05 Asia/Dushanbe
  • Шӯрои дифо аз ҳуқуқи башари Рeсия эълом кард,ки раванди расидагӣ ба ин парвандаро таҳти назар дорад
    Шӯрои дифо аз ҳуқуқи башари Рeсия эълом кард,ки раванди расидагӣ ба ин парвандаро таҳти назар дорад

Додгоҳи вилояти Маскав муттаҳам ба қатли Ҳувайдо-духтари 5 солаи тоҷикро аз назари ҷисмӣ ва равонӣ комилан солим эълом кард, то роҳ барои маҳкӯмияти вай пас аз 3 сол аз ин ҷиноят ҳамвор шавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ, ин додгоҳ эълом кардааст, ки Александр Сиёмин  муттаҳам ба қатли фоҷеаноки Ҳувайдо Тиллозода-духтари 5 солаи тоҷик дар соли 2018, ки ахиран дубора боздошт шуда аст, комилан солим аст ва ба зӯдӣ муҳокима хоҳад шуд .

    Дар ин муддат бастагони қотили ин кӯдаки тоҷик талоши зиёде карданд, то вайро аз нигоҳи равонӣ номутаъодил муаррифӣ кунанд, аммо бо эътирози вакили мудофеъи Ҳувайдо Тиллозода, додгоҳи вилояти Маскав ҳукми боздошти дубораи Александр Сиёминро содир  кард .

    Ҳувайдои хурдсол 22 июли соли 2018 ҳангоми бозӣ бо дигар кӯдакон аз маҳали истиқомоти волидайнаш дар шаҳри Серпуховои вилояти Маскав нопадид шуд ва як рӯз баъд ҷасади пора-порашудаи вайро ёфтанд .

 Полиси ҷиноии Маскав пас аз чанд рӯз муттаҳамро шиносоӣ ва боздошт кард, аммо дар се соли гузашта ин моҷаро ба далели коршикании бастагони қотил ба саранҷом нарасид .   

    Аз сӯи дигар Шӯрои дифо аз ҳуқуқи башари Русия- вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳӯрии ин кишвар низ эълом кард, ки раванди расидагӣ ба ин парвандаро таҳти назар дорад ва бешубҳа қотил ба сазои аъмолаш хоҳад расид .

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп