Декабр 22, 2022 19:25 Asia/Dushanbe
  • Ташкили парвандаи ҷиноӣ барои 171 нафар аз ширкаткунандагон дар эътирозоти Қароқалпоқистони Узбекистон

Додситонии кулли Узбекистон эълом кард, дар хусӯси парвандаи эътирозоти минтақаи Қароқалпоқистон барои 171 нафар парванда ташкил шудааст.

Бахше аз парвандаи ҷиноӣ дар хусӯси истифодаи ғайри муҷоз аз силоҳи тавассути неруҳои амниятӣ ба унвони як парвандаи ҷудогона тафкик ва расидагӣ мешавад.

Дафтари додситонии кулли Узбекистон ба дархости Комиссиони маҷлис, барои баррасии мустақили воқеаҳо дар Қароқалпоқистон  ва посух ба саволоти афкори умумӣ дар мавриди парвандаи нокос посух дод.

Ин комиссион низ ба навбаи худ посухеро дар канали Телеграмии худ мунташир кардааст ва эълом шудааст, ки маҷмӯан аз 516 нафар боздоштии 171 нафар дар парвандаи ҳаводиси тирмоҳ муттаҳам ҳастанд, ки 5 нафар ба ҳабси хонагӣ, 166 нафар боздошт ва мобақӣ ҳам таҳти боздоштҳои идорӣ қарор гирифтаанд.

Давлату маҷлиси Узбекистон барои ором кардани афкори умумӣ теъдоде аз афсарони полисро ба ҷурми истифодаи ғайри қонунӣ аз силоҳ дар ҷараёни эътирозот ба тағйири қонуни асосии Узбекистон, боздошт ва муҳокима кардааст.

 

Барчасп