Поёни “аблава”- хости мардум аз раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон
Гурӯҳе аз сокинони Тоҷикистон бо ирсоли номае ба раиси ҷумҳӯрӣ ва раиси Маҷлиси миллии ин кишвар дархост кардаанд, ки ба падидаи нангини сарбозгирии иҷборӣ поён диҳанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Раҷаби Мирзо-мудири гурӯҳи фейсбукии "Ахбор барои афкор" бо интишори ин нома аз Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дархост кардааст, ки ба падидаи ҷазби иҷбории ҷавонон аз кӯчаву хиёбонҳои кишвар поён диҳанд.
Акнӯн ҷамъоварии имзо барои ҳимоят аз ин дархост идома дорад .
Музаффар Бобоҷонов-корманди созмони ғайридавлатии Озодиҳои иҷтимоӣ, ки 12 сол дар мақоми масъули идораҳои коммисариати ҳарбӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон фаъолият карда аст мегуяд : « Гунаҳкори аслии ҷазби иҷбории ҷавон ба хизмати сарбозӣ раисон ، муовинон ва масъулони шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳастанд, ки раёсати комиссиюнҳои марбутаро бар уҳда доранд ва ин иқдом ба фармони онон иҷро мешавад . Ин афрод гунаҳкори идомаи ин раванди номатлуб мебошанд, ки ба обруи нерӯҳои мусаллаҳ зарба мезанад.»
Раҷаби Мирзо муътақидаст, ки дар Тоҷикистон ҳеч кас мухолифи хизмати сарбозӣ нест, аммо шеваи феълии ҷазби ҷавонони мушобеҳи одамрабоӣ мебошад, ки бояд ба унвони ҷурму ҷиноятҳо мавриди баррасӣ қарор гирад.
Ин дар ҳоле аст, ки чанде қабл Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонуни бозхариди хизмати сарбозиро тасвиб кард, ки то ба ҳол мизони маблағи маофият мушаххас нашудааст.
Бештар бихонед :
- Хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон: Эъломи ҷазби 80 дар садӣ ва шикоят аз эъзомҳои иҷборӣ
-
Гузориши вижа: Мушкилоти хидмати ҳарбӣ; иҷбор, меҳтаргароӣ, латукӯб ва куштори пурасрор
-
Интиқоди намояндаи Парлумони Тоҷикистон аз гаронии корти муофият аз сарбозӣ