Дархости раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон аз мардум барои талоши бештар дар фасли баҳор
(last modified 2021-04-12T04:54:27+00:00 )
Апрел 12, 2021 09:54 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон Рамазонро фурсате барои кумак ба ниёзмандон ва тақвияти рӯҳияи тақво донист
    Эмомалӣ Раҳмон Рамазонро фурсате барои кумак ба ниёзмандон ва тақвияти рӯҳияи тақво донист

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо табрики фарорасии моҳи мубораки Рамазон хостори талоши бештари мардум дар фасли баҳор барои таъмини ниёзҳояшон шуд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи итилоърасонии раёсати ҷумҳӯрии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём моҳи мубораки Рамазонро « фурсате барои худсозӣ ва баҳрамандӣ аз фазилатҳои ин айём аз ҷумла сабру таҳаммул, некиву некӯкорӣ, раҳму шафқат ба афроди фақиру мустаманд, тақвияти рӯҳияи тақвову парҳезгорӣ, бахшиши гуноҳон,  анҷоми аъмоли хайру писандида » унвон кард .

    Вай таъкид кард, ки дар шароити густариши вируси корона дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон буҳрони камбуди маводи ғизоӣ эҷод шуда, ки мардуми Тоҷикистон низ бояд дар фасли баҳор барои таъмини ниёзҳои хеш заҳмати зиёде ба харҷ диҳанд .

    Аз дидгоҳи оқои Раҳмон моҳи мубораки Рамазон ин фурсатро фароҳам мекунад, ки инсонҳои муъмин дар фикри расидагӣ ба ҳоли ҳамнавъони ниёзманди хеш бошанд ва садақаи фитрро ба ятимон ва маъюбону фақирон диҳанд .

    Раҳмон дар поёни паёми худ бо табрики фарорасии моҳи Рамазон ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон хушбахтиву саломатӣ, зиндагии хуб ва файзу баракатро орзӯ кард .

    Бар асоси эъломи Шӯроии уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи сешанбе 13-уми апрел оғози моҳи мубораки Рамазон дар ин кишвар аст .

  Бештар бихонед :

 

Барчасп