Нархи руғани моеъ дар бозорҳои вилояти Суғд ду баробар шуд.
Дар остонаи моҳи мубораки Рамазон нархи руғани моеъ дар бозорҳои вилояти Суғд наздик ба ду баробар шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар ҳоле, ки нархи як литр равғани моеъ дар бозорҳои вилояти Суғд ҳафтаи гузашта 18 сомонӣ буд ҳам акнун ҳар литр равғани моеъ дар ин вилоят 25 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Ин дар ҳолеаст, ки нархи як литр равғани моеъ дар оғози соли 2021 ҳафт сомонӣ бӯд.
Фурӯшандагони равғани моеъ далели афзоиши нархи ин модаи муҳими ғизоиро коҳиши воридоти он аз хориҷ медонанд.
Абдулҳамид Подшоев мудири ширкатҳои бахши хусусӣ дар бозори бузурги шаҳри Хуҷанд мавсум ба "панҷшанбе" мегӯяд: баста шудани роҳҳои воридоти маҳсулот дар паи густариши вируси корона омили аслии афзоиши нархи равғани моеъ аст.
Ба гуфтаи Подшоев қаблан умдаи равғани моеъ дар бозори Тоҷикистон аз Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Украина ва Узбакистон ворид мешуд, ки густариши вируси корона ин равандро коҳиш дод.
Вай изофа кард: ҳамчунин арзиши доллар дар баробари сомонӣ аз оғози имсол боло рафта, ки ин омил низ дар афзоиши нархҳо таъсиргузор будааст.
Дар 4 моҳи ахир дар Тоҷикистони арзиши як доллар аз 11 сомонӣ ва 30 дирҳам ба наздики 12 сомонӣ расидааст.
Бештар бихонед: