Як ширкати русии дигар муҷаввизи парвоз ба Тоҷикистонро дарёфт кард
(last modified Tue, 13 Apr 2021 16:59:16 GMT )
Апрел 13, 2021 21:59 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Сибир бояд барномаи 7 парвоз дар масири Тоҷикистон - Русияро таҳия кунад
    Ширкати Сибир бояд барномаи 7 парвоз дар масири Тоҷикистон - Русияро таҳия кунад

Вазорати нақлиёти Русия барои ширкати ҳавопаймоии “S7” (Сибир) муҷаввизи парвоз ба Тоҷикистонро содир кард.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, бар асоси ин муҷаввиз, ин ширкат бояд барномаи 7 парвоз дар ҳафта аз шаҳри Иркутски минтақаи Сибир ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистонро таҳия ва ироа кунад.

Таърихи дақиқи оғози парвозҳои рафту баргашт дар ин масир эълом нашудааст.

Аз сӯи дигар, Вазорати нақлиёти Русия бо парвози ҳавопаймоҳои ин кишвар ба шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон мухолифат кардааст, ки иллати ин тасмим маълум нест.

Ҳамакнун ду ширкати русии “ЮтЭйр” ва тоҷикистонии “Сомон Эйр” ҳар ҳафта як парвози рафту баргашт миёни Душанбе ва Маскав анҷом медиҳанд, ки бо тақозои густардаи коргарони муҳоҷири тоҷик ва издиҳоми онон дар ширкатҳои фурӯши билет рӯ ба рӯ шудааст.

 

Бештар бихонед: