Ду корманд маоши коргарони нерӯгоҳи «Норак» -ро ғайримақсаднок истифода карданд
(last modified Tue, 13 Apr 2021 17:09:58 GMT )
Апрел 13, 2021 22:09 Asia/Dushanbe
  • Ин ду корманд 2 миллиону 383 ҳазор сомонӣ дастмузди коргарони нерӯгоҳи Норакро дуздидаанд
    Ин ду корманд 2 миллиону 383 ҳазор сомонӣ дастмузди коргарони нерӯгоҳи Норакро дуздидаанд

Агентии давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон эълом кард: Алайҳи ду корманди бахши молии нерӯгоҳи барқи обии «Норак» ба иттиҳоми ихтилоси маоши коргарони ин марказ ба арзиши 2 миллиону 383 ҳазор сомонӣ парвандаи қазоӣ ташкил шудааст.

Ба гузориши сомонаи Агентии давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, Олга Шишпаренко ва Лутфуллоҳ Раҳматуллоев, ду корманди бахши молии ин нерӯгоҳ бо истифода аз 38 корти бонкии коргарони ин нерӯгоҳ 2 миллиону 383 ҳазор сомонӣ маошу дастмузди ин афродро дуздидаанд.

Гуфта мешавад, ки ин ду нафар як миллиону 818 ҳазор сомонӣ аз манобеи молии дуздидашударо ба ин нерӯгоҳ бозгардондаанд.

Бар асоси қонуни ҷиноии Тоҷикистон, эҳтимол дорад ин ду корманд ба 15 соли зиндон ва мамнӯияти 5 сола аз фаъолият дар симатҳои идорӣ маҳкум шаванд.

 

Бештар бихонед: