Апрел 14, 2021 11:07 Asia/Dushanbe
  • Домулло Ҳикматуллоҳ ба макрӯҳ будани ҳузури занон дар масҷидҳо фатво дода буд
    Домулло Ҳикматуллоҳ ба макрӯҳ будани ҳузури занон дар масҷидҳо фатво дода буд

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ яке аз пешвоёни фирқаи Нақшбандия дар синни 80-солагӣ даргузашт.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТиҷӣ, наздикони вай гуфтаанд, ки иллати даргузашти ин рӯҳонии тоҷик беморӣ будааст. 

 Вай ба унвони яке аз пешвоёни тариқати Нақшбандия дар шарқи Тоҷикистон аз нуфузи зиёде бархурдор буд ва шогирдони бисёреро тарбият кард. 

 Домулло Ҳикматуллоҳ дар соли 2014 итоат аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро воҷиб эълом карда буд.

Вай ҳамчунин дар нишасти Шӯроии уламои исломии Тоҷикистон фатвои макруҳ будани вуруди занон ба масҷидҳоро матраҳ кард, ки ин қишр аз ҷомеа акнун ҳаққи рафтан ба ин марказҳои ибодиро надоранд. 

Домулло Ҳикматуллоҳ ҳамчунин қабл аз мамнӯъ шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз мақомоти ин ҳизб дархост карда буд, ки калимаи исломиро аз унвони худ ҳазф кунанд, зеро эътиқод дошт, ки ислом ба ҳизб ниёз надорад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп