Раисони вилоятҳои Суғд, Ботканд ва Фарғона дидор мекунанд
Раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон, Ботканди Қирғизистон ва Фарғонаи Узбакистон 22 апрел дар шаҳри Фарғона дидор ва роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои манотиқи марзиро баррасӣ мекунанд.
Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, дар ҳошияи дидори Раҷаббой Аҳмадзода ва Омурбек Субҳоналиев ба мизбонии Шӯҳрат Ғаниев, нишасти сеҷонибаи бозаргононии се кишвар барои баррасии густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, тақвияти фаъолияти бозорчаҳои марзӣ ва сармоягузории муштарак барномарезӣ шудааст.
Ошноӣ бо фаъолияти марокизи санъатии вилояти Фарғона ва имзои созишномаҳои сеҷониба барои воридоти маҳсулоти санъатӣ аз ин вилоят ба Тоҷикистон ва Қирғизистон ва содироти маҳсулоти кишоварзии тоҷикҳо ва қирғизҳо ба Узбакистон аз дигар барномаҳои нишасти Фарғона хоҳад буд.
Дидори сеҷонибаи раисони вилоятҳои ҳаммарзи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки ҳанӯз ҳам ихтилофоти марзӣ миёни ин се кишвар дар бораи аломатгузории марзҳои муштарак дар водии Фарғона ҳаллу фасл нашудааст.
Бештар бихонед:
- Дидори вазирони умури дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо меҳвари ихтилофоти марзӣ
- Поёни ихтилофоти марзии Қирғизистон ва Ӯзбакистон
- Зарбулаҷали семоҳа барои поёни ихтилофоти марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон