Апрел 15, 2021 11:52 Asia/Dushanbe
  • Дар ҳамоиши 143-юмин солгарди валодати устод айнӣ меҳмонон ба сурати ҳузурӣ ва аз роҳи дур суханронӣ карданд
    Дар ҳамоиши 143-юмин солгарди валодати устод айнӣ меҳмонон ба сурати ҳузурӣ ва аз роҳи дур суханронӣ карданд

Дар Музеи миллии Тоҷикистон дар Душанбе ба муносибати 143-солагии зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, дар ин ҳамоиш устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон, адабиётшиносон ва Айнишиносон дар бораи саҳми устод Садриддини Айнӣ дар рушди адабиёти навини тоҷик суханронӣ карданд. 

Дабири аввали сафорати Русия дар Тоҷикистон Сергей Колотинский дар бораи тарҷумаи осори адабии Садриддин Айнӣ ба забони русӣ ва ҷойгоҳи ин адиби тоҷик миёни русзабонон суханронӣ кард. 

Амриддин Пӯлодов мудири хона - музеи устод Айнӣ дар шаҳри Самарқанди Узбекистон низ аз тариқи иртиботи тасвирӣ дар бораи бозсозии ин макони торихӣ итилоъ дод. 

 

  
Бархе китобҳои устод Садриддин Айнӣ қаҳрамони миллии Тоҷикистон, аз ҷумлаи Хотирот, Намунаи адабиёти тоҷик ва торихи фикрии инқилоби Бухоро токунун дар Эрон мунташир шудааст. 

Ба гуфтаи торихшиносон, интишори китоби Намунаи адабиёти тоҷик ба хати форсӣ дар соли 1925 дар Маскав, посухи дандоншикане ба гурӯҳҳои ғаразварз буд, ки вуҷуди қавми форсизабони тоҷикро дар қаламрави Варорудон ( Мовароуннаҳр ) инкор мекарданд ва қасд доштанд аз таъсиси ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон дар таркиби Иттиҳоди Шӯравӣ  ҷилавгирӣ кунанд. 

Намоиши осори устод Айнӣ дар Музеи миллии Тоҷикистон то охири моҳи апрел идома хоҳад ёфт.

 

Бештар бихонед:

Барчасп