Апрел 17, 2021 14:42 Asia/Dushanbe
  • Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз феврали соли 1994 фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз кардааст
    Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз феврали соли 1994 фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз кардааст

Раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар дидоре дар Душанбе мавзуоти гуногун дар равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Ба нақл аз Форс,Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон  ва Анн Линде, раиси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, таҳкиму густариши ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро дар соҳаҳои мухталифи сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, маориф, амният ва тағйирёбии иқлим, зарур шумурданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи пешгирӣ ва аз байн бурдани таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили мубориза ба терроризм ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳи сабук, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Анн Линде дар ин дидор аз нақши барҷастаи Душанбе дар пешбурди ибтикороти ҷаҳонии обу ибтикори раисҷумҳури Тоҷикистон барои эъломи соли 2025 ба унвон “Соли ҷаҳонии ҳифозат аз пиряхҳо” ҳимоят кард.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ дар дидор бо Анн Линде, раиси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Шветсия, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби САҲА-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин вазъро дар минтақа ва музокироти сулҳи Афғонистонро баррасӣ намуданд.

Дидори Сироҷиддин Муҳриддин ва Анн Линде дар Душанбе

Мусоҳибон аҳаммияти муқовимати муштарак алайҳи чолишҳои муосирро, аз қабили тағйирёбии иқлим, мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва киберҷиноятҳо, таъкид карданд.

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз феврали соли 1994 фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз карда ва дар ин муддат барои иҷрои барномаҳои мухталиф дар кишвар даҳҳо миллион доллар ихтисос додааст.Бештар бихонед:

 

Барчасп