Апрел 18, 2021 12:33 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон дар сафар ба Ворух: Хоки Тоҷикистон муқаддас аст ва ба касе вогузор нахоҳад шуд
    Раҳмон дар сафар ба Ворух: Хоки Тоҷикистон муқаддас аст ва ба касе вогузор нахоҳад шуд

Расонаҳои хабарӣ ва коршиносони масоили сиёсии Қирғизистон ба эъломи мавзеи раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи вогузор нашудани деҳаи Ворух ба кишвари ҳамсоя вокуниш нишон доданд.

Ба нақл аз Top.tj, Эмомалӣ Раҳмон дар сафари ахираш ба деҳаи Ворух ва дидор бо сокинони ин деҳа гуфт, ки хоки Тоҷикистон муқаддас аст ва ба касе вогузор нахоҳад шуд.

Мар Сориев, коршиноси сиёсии Қирғизистон муътақид аст, ки ин мавзеи Раҳмон баёнгари аҳаммияти деҳаи Ворух барои Тоҷикистон аст ва Душанбе дар ин маврид гузашт нахоҳад кард, аз ин рӯ раисҷумҳури Тоҷикистони бори дигар бар зарурати ҳалли ихтилофоти марзӣ бо Қирғизистон танҳо аз роҳи музокироти сиёсӣ ва ҳамзистии мусолиматомези тоҷикҳо ва қирғизҳо таъкид кардааст.

Денис Бердаков, таҳлилгари байналмилалӣ низ мегӯяд, ки билохира марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон бояд аломатгузорӣ шавад, то заминаи қочоқи сухт ва маҳсулоти миёни ду кишвар аз байн биравад ва тиҷорат аз мабодии қонунӣ анҷом шавад.

Емил Ҷураев, коршиноси дигари қирғиз низ бар ин бовар аст, ки Тоҷикистон паёми равшане ба Қирғизистон ирсол кардааст, ки таҳти ҳеч шароите аз қаламрави худ чашмпушӣ нахоҳад кард ва ба ҳалли ихтилофоти марзӣ аз тариқи музокироти сиёсӣ эътиқод дорад.

Дар паи ду даҳа музокирот барои ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон, токунун фақат бар сари аломатгузории 506 километр аз марзи 976 километрии марзи муштараки байни ду кишвар тавофуқ ҳосил шуда, вале дар ин бахш низ ҳануз хатти марзӣ таъин нашудааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп