Апрел 18, 2021 13:57 Asia/Dushanbe
  • Русия бештар дар рушди бахшҳои энержӣ, иртиботот, саноеъ, сохтмонсозӣ ва металу маодин дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад
    Русия бештар дар рушди бахшҳои энержӣ, иртиботот, саноеъ, сохтмонсозӣ ва металу маодин дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон арзиши тиҷорати ин кишвар бо Русия дар 10 соли ахирро 9 миллиард доллар эълом кард.

Ба нақл аз Спутник, Саъдии Қодирзода дар ҳамоиши роҳҳои густариши тиҷорати миёни Тоҷикистону Русия дар Душанбе гуфт, ки ҳамчунин Маскав дар солҳои 2007 то 2020 барои рушди иқтисоди Тоҷикистон як миллиарду 600 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Вай изофа кард, ки Русия бештар дар рушди бахшҳои энержӣ, иртиботот, саноеъ, сохтмонсозӣ ва металу маодин дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, то замони оғози густариши вируси корона дар соли 2020 Русия 30 дарсад ё солонаи як миллиард доллар аз кулли тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро ба худ ихтисос додааст.

Қодирзода изҳор кард: Аммо соли 2020 ба далели густариши бемории Ковид-19 тиҷорати хориҷии Тоҷикистону Русия ба 721 миллиону 300 ҳазор доллар коҳиш ёфт.

Ин мақоми тоҷик аз бахши хусусии Русия хост, ки бо истифода аз имтиёзоте, ки ҳукумати ин кишвар ба сармоягузорони хориҷӣ эъто мекунад, дар заминаи таъсиси корхонаҳои муштараки санъатӣ ва истихроҷи маодин иқдом кунанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп