Апрел 18, 2021 20:08 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили 4100 тонна кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон
    Таҳвили 4100 тонна кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон

Ҳудуди 4100 тонна кумакҳои башардӯстона аз январи имсол то ҳол ба Тоҷикистон таҳвил дода шудааст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Агентии омори Тоҷикистон, Чин ҳамчунон бо саҳми 34 дарсадӣ бештарин кумакҳоро ба Тоҷикистон ирсол кардааст. 

Ҳамчунин аз оғози имсол токунун 30 кишвар кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон ирсол карданд. 

 

Бар асоси омор, Русия 19 дарсад, Ҳинд 11 дарсад, Кореяи ҷанубӣ 6 дарсад;  Швейтсария 3, 5 дарсад  Олмон ва Голландия ҳар яке 3, 0 дарсад; Италия 1, 9 дарсад; Англия 1, 5 дарсад; Амрико ва Шветсия ҳар яке 1, 0 дарсад ва Фаронсаву Тайван ҳар кадом  0, 7 дарсад; аз мизони кумакҳо ба Тоҷикистонро ба худ ихтисос доданд. 

Дар як даҳаи гузашта Чин ҳамвора яке аз шуракоии тиҷории Тоҷикистон будааст. 

Чин бузургтарин сармоягузор дар Тоҷикистон ва сеюмин шарики тиҷории Тоҷикистон пас аз Русия ва Қазоқистон аст. 

Тайи як даҳаи гузашта арзиш, сармоягузории Чин дар Тоҷикистон  як миллиард доллар будааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп