Оғози размоиши низомии муштараки Тоҷикистон ва русия дар вилояти Хатлон
(last modified Mon, 19 Apr 2021 14:02:43 GMT )
Апрел 19, 2021 19:02 Asia/Dushanbe
  • Ин тамринҳои муштарак то 23 апрел идома хоҳанд кард
    Ин тамринҳои муштарак то 23 апрел идома хоҳанд кард

50 ҳазор сарбози тоҷик ва рус дар се пойгоҳи низомӣ дар ҷануби Тоҷикистон машқҳои низомии муштаракро оғоз карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, сухангӯии Вазорати дифои Тоҷикистон  «Фаридун  Маҳмадализода » гуфт: Дар ин машқҳо, ки то 23 апрел идома дорад намояндагони сохторҳои интизомӣ, нерӯҳои захира дар 25 шаҳру манотиқи вилояти Хатлон, кормандони созмонҳои давлатӣ ва сарбозону афсарони Пойгоҳи низомии 201 Русия ширкат кардаанд. 

Маҳмадализода илова кард: Беш аз 50 ҳазор низомии шомили 9 ҳазор сарбозу афсари Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ҳазору 700 сарбоз ва афсари рус ва 40  ҳазор нерӯҳои захираи Артиши Миллии Тоҷикистон дар майдонҳои Самула, Мамрик ва Ҳарбумидан дар вилояти Хатлон, онҳо амалиёти низомиро барои ҳифозат аз сарҳадҳои ҷанубии Ҷомеаи Ҳамсуд тамрин мекунанд.
 

Ба гуфтаи вай тимҳои фармондеҳии Вазорати Дифои Тоҷикистон ва ситоди марказии минтақаи низомии ниҳоди дифоии Русия бар марҳалаи поёнии ин машқҳои низомӣ назорат хоҳанд кард. 

Дар ин тамрин ҳамчунин тақрибан 70 мошини зиреҳпӯш, 780 мошин, 250 тӯп ва 20 ҳавопаймо истифода мешавад.

 

Бештар бихонед: