Пешбинии коршиносон аз коҳиши рушди ҷамъияти Тоҷикистон
(last modified Tue, 20 Apr 2021 09:00:04 GMT )
Апрел 20, 2021 14:00 Asia/Dushanbe
  • Аҳолии Тоҷикистон аввали соли равон аз 9,5 миллион нафар гузашт
    Аҳолии Тоҷикистон аввали соли равон аз 9,5 миллион нафар гузашт

Коршиносони аҳолӣ дар Тоҷикистон бар онанд, ки аҳолии Тоҷикистон дар оянда коҳиш хоҳад ёфт, зеро вазъи иқтисодии кишвар бадтар мешавад ва оилаҳо дар таъмини рӯзгор мушкил доранд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Тиҷӣ, бо вуҷуди рушди солонаи 2 дарсадии ҷамъияти Тоҷикистон, ки болотарин мизон дар миёни кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд ба ҳисоб меояд, ин шохис, ки қаблан дуюним дарсад буд дар 15 соли ахир коҳиш ёфтааст. 

Аз ин рӯ бо мутобиқ набудани барномаи рушди ҷамъият бо  таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар ояндаи наздик бо коҳиши афзоиши аҳолӣ ва норасоии мутахассисон дучор хоҳад шуд.

Назаралӣ Назаралиев иқтисоддон тоҷик мегӯяд: индекси қувваи корӣ дар Тоҷикистон 34,5 фоиз ва ҷавонони то 14-сола 34 фоизро ташкил медиҳанд, аз ин рӯ ҳар як коргар ва корманди феълӣ бояд нисбат ба қобилияти худ барои рушди иқтисод 1,5 маротиба бештараз тавоноиҳои хеш кор кунад то рушди иқтисод ва   истеҳсоли маҳсулоти муҳим ҳифз шавад.

Вай илова кард: Дар ҳоле, ки умдаи нерӯи  кори ҷавони Тоҷикистон дар муҳоҷират дар Русия ба сар мебарад, ин раванд низ мудирият намешавад ва манобеи молии ирсолии онон на барои рушди улум ва ихтисосҳои навину муҳим, балки барои таъмини зиндагии хонаводаҳо ҳазина мешавад. 

Ҳамчунин аз иқтисоддонони дигари Тоҷикистон Михаил  Петрушков эътиқод дорад,  ки ҳатто барои кор дар Русия бояд дар барномаи омӯзиши насли ҷавон  таҷдиди назар шавад.   
 

Вай мегӯяд: Аксарияти ин одамон дар соҳаи сохтмон кор мекунанд, ки бояд бо технологияҳои нав ва ихтисосҳои нав шинос шаванд, то ба онҳо имконият диҳанд, ки ҷойҳои кори вазнинро тарк кунанд.

Оҷонсии давлатии омори Тоҷикистон гуфтааст, ки аҳолии кишвар аввали соли равон (2021) аз 9,5 миллион нафар гузаштааст, ки ин нишондиҳандаи афзоиши 2 дарсадӣ дар соли 2020 мебошад.
  
  
Бештар бихонед: