Апрел 20, 2021 19:11 Asia/Dushanbe
  • Донишкадаи байналмилалии Маскав имсол 5 бурсияи таҳсилӣ ба донишҷӯёни тоҷик ихтисос додааст
    Донишкадаи байналмилалии Маскав имсол 5 бурсияи таҳсилӣ ба донишҷӯёни тоҷик ихтисос додааст

Дар 8 минтақаи Тоҷикистони сабти номи довталабони вурӯд ба Донишкадаиравобити байналмилалии Маскав бар асоси 5 бурсияи таҳсилӣ оғоз шуд, ки то 27 апрел идома хоҳад ёфт.

Ба гузориши сомонаи Маркази миллии имтиҳоноти вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ин марказҳои имтиҳонӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Панҷакенд, Хоруғ, Хуҷанд, Кӯлоб ва ноҳияҳои Рашт ва Данғара сабти номи довталабони вурӯд ба Донишгоҳи равобити байналмилалии Маскавро оғоз кардаанд.

Довталабони вурӯд ба ин донишгоҳ бояд дорои мадраки таҳсилии 11 сола аз мактабҳои Тоҷикистон бошанд ва сини онон низ то 35 сол эълом шудааст.

Даври нахусти озмӯни вурӯдӣ ба ин донишгоҳи Русия рӯзи 30 апрел дар шаҳри Душанбе ба шакли тестӣ баргузор мегардад ва дарсҳои забони русӣ, риёзӣ, англисӣ, таърих ва ҳуқуқро шомил мешавад.

Барои гузиниши ниҳоии довталабон, афроди роҳ ёфта ба даври дувуми озмӯни вурӯд ба ин донишгоҳ бояд ба забонҳои русӣ ва англисӣ дикта банависанд.

Ҳукӯмати Русия имсол барои Донишгоҳи байналмилалии Маскав вобаста ба Вазорати умури хориҷаи ин кишвар 5 бурсияи таҳсилиро ба манзури пазириши донишҷӯёни тоҷик ихтисос додааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп