Апрел 20, 2021 19:22 Asia/Dushanbe
  • Дар Душанбе ва вилояти Бадахшони барномаи сарбозгирӣ 100 дарсад иҷро шудааст
    Дар Душанбе ва вилояти Бадахшони барномаи сарбозгирӣ 100 дарсад иҷро шудааст

Вазорати дифои Тоҷикистон эълом кард, барномаи ҷазби сарбозон ба хизмати ҳарбӣ дар 20 рӯзи моҳи апрел 80.5 дарсад иҷро шудааст.

Ба гузориши дафтари матбӯотии Вазорати дифои Тоҷикистон, вилояти Кӯҳистони Бадахшон барномаи эъзоми ҷавонон ба хизмат дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро 100 дарсад иҷро кардааст.

Ин барнома дар вилояти Хатлон 79 дарсад, Суғд 67 дарсад, ноҳияҳои марказӣ 91 дарсад ва дар шаҳри Душанбе 100 дарсад иҷро шудааст.

Теъдоди сарбозону афсарони нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 9 ҳазор нафар эълом мешавад, аммо теъдоди ҷавонони дорои шароити хизмати сарбозӣ беш аз 151 ҳазор нафар эълом шудааст.

Ба далелҳои мухталиф ҳама солаи теъдоди зиёде аз ҷавонони тоҷик, ки дорои шароити хизмат дар нерӯҳои мусаллаҳ мебошанд, аз рафтан ба қисмҳои низомӣ худдорӣ мекунанд.

Мақомоти идорти полис низ ба боздошти ин афрод аз кӯча ва хиёбонҳо ва эъзоми иҷбории онон ба қисмҳои низомӣ даст мезананд, ки маъмулан бо эътирози шаҳрвандони рӯбарӯ мешавад.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ дархостҳое барои канор гузошта шудани сарбозгирии иҷборӣ дар Тоҷикистон ба роҳ афтодааст.

 

Бештар бихонед :

 

Барчасп