Касрии буҷети Ҳукумати Тоҷикистон дар ду моҳи нахусти 2021
(last modified Tue, 20 Apr 2021 14:41:50 GMT )
Апрел 20, 2021 19:41 Asia/Dushanbe
  • Бахшҳои даромадӣ ва ҳазинаии буҷети Ҳукумати Тоҷикистон дар ду моҳи нахусти 2021 касрӣ доштаанд
    Бахшҳои даромадӣ ва ҳазинаии буҷети Ҳукумати Тоҷикистон дар ду моҳи нахусти 2021 касрӣ доштаанд

Вазорати молияи Тоҷикистон аз касрии бахшҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҳукумат дар ду моҳи нахусти имсол хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, ҳаҷми умумии буҷети Ҳукумати Тоҷикистон дар ду моҳи нахусти соли ҷорӣ ба 6 миллиарду 500 миллион сомонӣ расида, ки дар муқоиса бо давраи монанди соли 2020 ҳудӯди 4.5 дарсад бештар аст.

Аммо бахши даромадии ин буҷет тайи ду моҳи нахусти имсол 3.5 миллиард сомонӣ эълом шуда, ки иҷрои 97.1 дарсадиро нишон медиҳад.

Ҳамчунин иҷрои бахши хароҷоти буҷети Ҳукӯмати Тоҷикистон дар ин муддат 3.5 миллиарду 100 миллион сомонӣ будааст, ки баробар бо 51.5 дарсади барнома аст.

Ҳаҷми умумии буҷети Ҳукӯмати Тоҷикистон барои соли 2021 ба маблағи 27 миллиарду 600 миллионсомонӣ муқарар шуда, ки муодили 2 миллиарду 400 миллион доллар аст.

 

Бештар бихонед: