Нигаронии Бонки Рушди Осиё аз билотаклиф мондани созишномаҳо бо Тоҷикистон
Намояндаи Бонки Рушди Осиё аз тӯлонӣ шудани раванди тасвиби созишномаи кумакҳои молии ройгони ин ниҳод дар вазоратхонаҳо ва парлумони Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс хонум Шенни Кэмпбелл ин матлабро дар дидор бо мақомоти ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иброз кардааст.
Дар ин дидор, ки раванди иҷроии кумакҳои молии ройгони Бонки Рушди Осиё ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт аз мавонеи идории мухталиф ва тӯлонӣ шудани тасвиби созшномаҳои ҳамкории дуҷониба дар Тоҷикистон интиқод шуд.
Хонум Кэмпелл гуфт: «Бо вуҷуди густариши вируси корона дар соли 2020 ҳаҷми кумакҳои молии ройгони Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистони 960 миллион доллар буд, ки 18 тарҳро шомил мешуд.»
91 дарсади ин кумакҳо ройгон аст.
Бахшҳои ҳамлу нақл ва энержӣ мутаносбан 35 ва 34 дарсад аз ин кумакҳоро истифода кардаанд.
Ҳамчунин дар бахши таъмини оби манотиқи рустоии Тоҷикистон дар соли 2020 наздик ба 10 миллион доллар ҳазина шудааст.
Тарҳҳое дар бахшҳои тандурустӣ ва дармонӣ, кишоварзӣ, омӯзишӣ ва гардишгарӣ низ дар ҳоли иҷро мебошад.
Бонки Рушди Осиё ва Тоҷикистон аз соли 1998 ва дар поёни ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва то ба ҳол беш аз ду миллиарду 400 миллион доллар ба ин кишвар кумаки молӣ ихтисос ёфтааст, ки як миллиарду 400 миллиони он ройгон будааст.