Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Белгия
(last modified Fri, 23 Apr 2021 11:19:23 GMT )
Апрел 23, 2021 16:19 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Белгия
    Ройзаниҳои сиёсии Тоҷикистон ва Белгия

Саввумин даври ройзаниҳои сиёсии ниҳодҳои дипломатикии Тоҷикистон ва Белгия баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон раёсати ҳайати тоҷикӣ дар ин музокиротро Музаффар Ҳусейнзода муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва ҳайати тарафи муқобилро Оник Вен Колестар мудири кулли хадамоти умумии федерал дар умури хориҷаи Белгия бар ӯҳда доштанд. 

Дар ин музокироти видео-конфронсӣ масоили марбут ба густариши ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои сиёсиӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, гардишгарӣ ва тавсеаи пойдор баррасӣ шуд. 

Ду тараф дар идомаи ин нишаст дар бораи мубориза бо таҳдид ва чолишҳои замони муосир ҳам табодули назар карданд.

 

Бештар бихонед: