Баррасии роҳҳои ҷилавгирӣ аз афзоиши нархи чиптаи ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i65798
Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон роҳҳои ҷилавгирӣ аз болоравии нархи билети ҳавопаймо ба Русияро баррасӣ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 23, 2021 17:53 Asia/Dushanbe
  • Баррасии роҳҳои ҷилавгирӣ аз афзоиши нархи чиптаи ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия
    Баррасии роҳҳои ҷилавгирӣ аз афзоиши нархи чиптаи ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба Русия

Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон роҳҳои ҷилавгирӣ аз болоравии нархи билети ҳавопаймо ба Русияро баррасӣ кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии садои Хуросон  мудири ожонси ҳавопаймоии Тоҷикистон Икром Субҳонзода гуфт: Таҷриба нишон додааст, ки аз ибтидои  фасли баҳор, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳони сафар ба Русия ҳастанд зиёд мешавад ва ширкатҳои ҳавопаймоии Русия низ аз ин вазъият барои афзоиши нархи билет ба нафъи худ сӯиистифода мекунанд. 

Субҳонзода таъкид кард ба далели шуюъи корона буҳрони молӣ ва иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон густариш ёфта дар натиҷа, даромади мардуми ҷаҳон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. 

Ӯ афзуд: ин омил боис шудааст, ки шаҳрвандони тоҷик  чорае ҷуз гирифтани вом аз банкҳо вахариди билети гаронқиммат барои ёфтани фурсатҳои шуғлӣ дар Русия надошта бошанд, ки ин амр  вазъияти молии онҳоро бадтар кардааст.

 

Бештар бихонед: