Мақоми тоҷик: Гузаргоҳи марзии Тоҷикистон ва Чин бо тамоми зарфият фаъол аст
Вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон аз оғоз ба кори гузаргоҳи марзии ин кишвар бо Чин пас аз музокироти дуҷониба хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон « Азим Иброҳим» дар мавриди азсаргирии фаъолияти гузаргоҳи марзии «Қалама» байни ин кишвар ва Чин ва афзоиши ҳамли мол аз тариқи он хабар дод.
Бинобар суханони вай, гуфтугӯи телефонии аввали марти соли ҷории руасои Ҷумҳури Тоҷикистон ва Чин саҳми муҳимме дар ҷиҳати азсаргирии фаъолияти гузаргоҳи марзии байни ду кишвар дошт.
Иброҳим таъкид кард бо пешниҳоди Тоҷикистон тарафи Чин ҳазинаи боргирӣ, тахлияи колоро коҳиш дод ва суръати бозгашти континерҳои холиро тасреъ кардааст.
Вай илова кард: Барои мисол, пеш аз ин барои бозгашти континерҳои холӣ ба ин гузаргоҳи марзии тарафайн то 4 ҳазор доллар пардохт мекарданд, аммо ҳоло континерҳо ба таври ройгон бозгардонда мешаванд.
Гузаргоҳи марзии «Қалама » аз авоили моҳи октябри соли гузашта ба таври комил баста буд.
Чин баъд аз Русия ва Қазоқистон сеюмин кишвари содиркунандаи коло ба Тоҷикистон аст ва дар соли 2020 мелодӣ ҳудуди 440 миллион доллар маҳсул ба Тоҷикистон содир кард.
Тоҷикистон аз Чин масолеҳи сохтмонӣ, қисмҳои мошин, либос, мошинсозӣ ворид мекунад.