Бозии баргашти “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ал Ҳилол”-и Арабистон дар Риёз
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i65864-Бозии_баргашти_Истиқлол_и_Тоҷикистон_ва_Ал_Ҳилол_и_Арабистон_дар_Риёз
Дар идомаи рақобатҳои гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони Осиё, тими “Истиқлол”-и Тоҷикистон имшаб дар бозии баргашти худ муқобили тими “Ал Ҳилол”-и Арабистон ба майдон меравад.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Апрел 24, 2021 18:13 Asia/Dushanbe
  • Тими Истиқлоли Тоҷикистон бозии рафти худ муқобили Ал Ҳилоли Арабистонро ба саудиҳо вогузор кард
    Тими Истиқлоли Тоҷикистон бозии рафти худ муқобили Ал Ҳилоли Арабистонро ба саудиҳо вогузор кард

Дар идомаи рақобатҳои гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони Осиё, тими “Истиқлол”-и Тоҷикистон имшаб дар бозии баргашти худ муқобили тими “Ал Ҳилол”-и Арабистон ба майдон меравад.

Дидори ин ду тим аз гурӯҳи “А”-и ин рақобатҳо соати 24 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи Малик Фаҳди шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ оғоз мешавад.

Тими Истиқлоли Тоҷикистон бозии даври рафти худ муқобили “Ал Ҳилол”-и Арабистонро бо натиҷаи се бар сифр ба саудӣҳо вогузор кард.

Дар ҷадвали ин гурӯҳ ҳамакнӯн тими “Ал Ҳилол”-и Арабистон бо се бозӣ ва ҳафт имтиёз дар раддаи нахуст ва тимҳои “AJMK” Узбекистон ва Истиқлоли Тоҷикистон ҳар як бо се бозӣ ва чаҳор имтиёз ва ихтилофи гол бештар барои тими узбекистонӣ дар раддаҳои сеюму вачаҳорум қарор доранд.

 

Бештар бихонед: