Билети парвози Душанбе ва Маскав арзон нашуд
Бо вуҷуди ҳушдори Идораи авиатсияи граждании Тоҷикистон ба ширкатҳои тоҷикӣ ва русӣ дар бораи боло бурдани нархи чиптаҳои парвоз ба Душанбе ва Маскав, нархи чиптаҳо то ҳол поин нарафтааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, қаблан нархи билет дар ин масир барои ҳар мусофир, ки умдатан коргарони тоҷики ҷӯёи кор дар Русия ҳастанд, 350 доллар ва дар масири баргашт 150 доллар таъин шуда буд, аммо мусофирон бо интишори аксҳое аз билетҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълом кардаанд, ки билети ин парвозро наздик ба 800 то 900 доллар харидорӣ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Икром раиси идораи авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба намояндагони ду ширкати " Сомони Эйр " ва " Ютэйр " дар бораи гаронфурӯшии билет дар парвозҳои ҳафтагии масири Душанбе ва Маскав ҳушдор дода буд.
Мусофирон мегӯянд, ки ҳамаи билетҳо дар масири Душанбе - Маскав то рӯзи 5 июн пешфурӯш шуда ва дар парвозҳои чартерӣ нархи билет барои ҳар мусофир аз 8 ҳазору 500 то 9 ҳазор сомонист.
Аксари мусофирони хатсайрҳои Душанбе-Маскав муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ки дар соли 2020 бо сабаби паҳн шудани вируси корона натавонистанд ба Русия сафар кунанд ва ҳоло омодаанд, ки ҳатто бо нархи баланд ба кишвар сафар кунанд.
Бештар бихонед: