Апрел 27, 2021 16:23 Asia/Dushanbe
  • Масоили марбут ба амнияти кишварҳои узви СПАД муҳимтарин мавзӯи баҳси Эмомалӣ Раҳмон ва раисони ҳайатҳои ҳозир дар Душанбе буд
    Масоили марбут ба амнияти кишварҳои узви СПАД муҳимтарин мавзӯи баҳси Эмомалӣ Раҳмон ва раисони ҳайатҳои ҳозир дар Душанбе буд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо раисони ҳайатҳои ширкаткунанда дар нишасти шӯроии вазирони дифои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи сешанбе пеш аз оғози нишасти Шӯрои вазирони дифои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар шаҳри Душанбе бо вазирони дифои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва  намояндаи комили ҳуқуқи Арманистон дар ин созмон дидор кард.

Тадвин ва тасвиби чорчӯби барномаи таҷҳизи нерӯҳои вокуниши сареъи ҷамъӣ, омӯзиши муштараки ташкили нерӯ ва абзорҳои системаи амнияти ҷамъӣ ва нерӯҳои ҳофизи сулҳ, аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии нишасти Шӯроии вазирони дифои СПАД эълом шудааст.

Дар ин мулоқот масоили ҳамкории кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар заминаҳои сиёсӣ, низомӣ, низомӣ- фаннӣ, муборизаи муштарак бо таҳдид ва хатарҳои ҷаҳонӣ монанди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромилӣ, таъмини амнияти минтақа, авзоъи Афғонистон ва тақвияти ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин дидор ҳамчунин бо тавваҷуҳ ба ҳамагирии бемории Ковид 19 дар ҷаҳон, бар эҷоди созу кори таъмини амнияти биологии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ таъкид шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп