Банки Ҷаҳонӣ зарфияти тавлиди барқ дар нерӯгоҳи Роғунро арзёбӣ мекунад
Вазири молияи Тоҷикистон аз эъзоми ҳайате аз Бонки Ҷаҳонӣ барои арзёбии зарфияти тавлиди барқ дар нерӯгоҳи Роғун ва ҷазби сармоягузории хориҷӣ барои такмили сохти ин тарҳи муҳими энержӣ хабар дод.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Файзиддин Қаҳҳорзода дар гуфтугӯи тасвирӣ бо Анна Бьерде, мудири иҷроии Бонки Ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз эъзоми ин ҳайат ба Тоҷикистон истиқбол кард.
Қаҳҳорзода таъкид кард, ки такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун барои Тоҷикистон ва дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамият роҳбурдӣ дорад ва заминаи таъмини барқи арзон ва оби мавриди ниёзи ҳамсоягонро низ фароҳам мекунад.
Вазири молияи Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, ки натоиҷи таҳқиқоти коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ раванди ҷазби сармоягузории хориҷӣ барои сохти ин нерӯгоҳро шитоб бахшад.
Вай ҳамчунин аз саҳми Бонки Ҷаҳонӣ барои кумак ба Тоҷикистон дар коҳиши паёмадҳои бемории Ковид 19 қадрдонӣ кард.
Дар ин дидори тасвирӣ Лилия Бончик,мудири дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ, Ян Петер Олтерс, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе ва Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба баҳсу табодули назар карданд.
Бештар бихонед:
Таъкиди мақоми тоҷик бар таъмини зерсохтҳо барои кучондани сокинони сади Роғун
Даъват аз ширкатҳои байналмилалии бозрасии молӣ барои ҳамкорӣ бо нерӯгоҳи роғун