Апрел 29, 2021 12:57 Asia/Dushanbe
  • Нишасти дабирони Шӯрои  кишварҳои узви СПАД рӯзи 29 апрел дар Душанбе баргузор мешавад
    Нишасти дабирони Шӯрои кишварҳои узви СПАД рӯзи 29 апрел дар Душанбе баргузор мешавад

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дабирони ширкаткунанда дар нишасти дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи панҷшанбе пеш аз оғози нишасти Шӯрои  дабирони амнияти кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти  Ҷамъӣ дар шаҳри Душанбе дидор кард. 

Дар ин дидор дар бораи масоили ҳамкории кишварҳои узви СПАД дар заминаҳои сиёсӣ, низомӣ,низомӣ - фаннӣ, муборизаи муштарак бо таҳдид ва хатарҳои ҷаҳонӣ монанди тероризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддиру ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, таъмини амнияти минтақа, авзоъи Афғонистону тақвияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон  баҳсу табодули назар шуд. 

Ҳамчунин ширкаткунандагон дар ин дидор бар зарурати ҳамкории наздики шӯроии амнияти кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ барои муқобила бо ҷурмҳои сойберӣ таъкид карданд. 

Дар дидори дабирони Шӯроии амнияти кишварҳои узви СПАД бо тавваҷӯҳ ба ҳамагирии бемории Ковиди 19 дар ҷаҳон, мавзӯи эҷоди созукор ( механизм ) таъмини амнияти биологии кишварҳои узви ин созмон низ баррасӣ шуд. 

Нишасти дабирони шӯроии амнияти кишварҳои узви СПАД  дар Душанбе  имрӯз  29 апрел баргузор мегардад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп