Муҳриддин: Тоҷикистон аз қаламрави таърихии худ чашмпӯшӣ намекунад
(last modified Fri, 30 Apr 2021 15:26:07 GMT )
Апрел 30, 2021 20:26 Asia/Dushanbe
  • Муҳриддин: Бархе манотиқе, ки  кишвари ҳамсоя иддаои моликияти онҳоро дорад, ба Тоҷикистон мутаалиқ аст
    Муҳриддин: Бархе манотиқе, ки кишвари ҳамсоя иддаои моликияти онҳоро дорад, ба Тоҷикистон мутаалиқ аст

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки кишвараш дар ҳеч шароите аз қаламрави таърихии худ гузашт нахоҳад кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон,дар пайи даргирии хунини рӯзи 29 апрел  миёни низомиёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, Сироҷиддин Муҳриддин  дар тамоси телефонӣ бо Руслан Қазоқбоев ҳамтои қирғизистонии худ гуфт: Бар асоси нақшаҳои ҷуғрофиёи  даврони Шуравӣ бархе манотиқе, ки кишвари ҳамсоя  иддаоии моликияти онҳоро дорад, мутаъаллиқ ба Тоҷикистон аст. 

 

 Вай таъкид кард, ки набояд интизор дошт, ки Душанбе аз ин манотиқ чашмпӯшӣ кунад. 

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар айн ҳол гуфт, ки Душанбе ҳамвора дар пайи ҳалли сиёсии ихтилофоти марзӣ бо Қирғизистон будааст. 

Гуфта мешавад, ки ин тамоси телефонӣ ба дархости вазири умури хориҷаи Қирғизистон анҷом шудааст ва ду тараф дар он бар зарурати мурооти тавофуқи оташбас ва хурӯҷи таҷҳизоти низомӣ аз манотиқи мавриди муноқиша таъкид карданд.  
Бозгардондани сокинони деҳаҳое,  ки дар пайи ин даргирӣ маҷбӯр шуданд хонаҳои худро тарк кунанд аз дигари меҳварҳои ин гуфтугӯи телефонӣ буд . 

Даргирии хунини рўзи 29  апрел  миёни сокинон ва марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон бар сари истифода аз манбаи об дар наздикии рустоҳои Хоҷа Аълои ноҳияи Исфара мӯҷиби кушта ва захмӣ шудани беш аз 150 нафар аз ҳар ду тараф шуд.

 

Бештар бихонед: