Таҳлил ; вокуниши манфии Амрико ба тағйири докторини ҳастаии Русия
Энтони Блинкен , вазири умӯри хориҷаи Амрико , барузрасонии докторини ҳастаии Русия ки Владимир Путин , раиси ҷумҳӯри Русия дар 25 сентябр эълом кард , вокунишии манфӣ нишон дод . Блинкен рӯзи панҷшанбе гуфт : « Ин кор комилан ғайримасъулона аст .
Дмитри Песков "Dmitry Peskov", сухангӯии Кремлин пеш аз ин ишора кардааст ки барузрасонии докторини ҳастаии Русия бояд ба унвони паёмӣ барои кишварҳои ғайридӯст талаққӣ шавад . ӯ ҳамчунин изофа кард ки тасмим дар бораи интишори нусхаи ҷадиди докторин дар оянда гирифта хоҳад шуд .
Владимир Путин , шомгоҳи чаҳоршанбе дар нишасит худ бо аъзои Шӯрои амнияти Русия , бо таъкид бар нақши докторини ҳастаӣ дар тазмини амнияти Русия , пешниҳод дод ки сиёсати боздорандагии ҳастаӣ бо воқеиятҳои кунунӣ ва афзоиши таҳдидоти хориҷӣ татбиқ дода шавад . Путин ёдовар шуд ки ин санад , ҳамроҳ бо докторини низомӣ , стратежии ҳастаии Русияро ба тафсили таъйин ва ташреҳ хоҳад кард . Ӯ таъкид кард ки асли асосии истифода аз чунин таслеҳоте дар ин санад чунин қайд шудааст, ки “ истифода аз неруҳои ҳастаӣ танҳо ба унвони охирин абзор барои дифоъ аз ҳокимияти кишвар муҷоз аст “ . Путин гуфт : « дар нусха ба рӯз шудаи ин санад , пешниҳод мешавад ки ҳаргуни таҷовузи алайҳи Русия аз сӯии як кишвари ғайриҳастаие, ки бо мушорикат ё ҳимояти як кишвари ҳастаӣ сӯрат бигирад , ба унвони ҳамлаи муштарак алайҳи Федератсияи Русия дар назар гирифта шавад . »
Вай ҳамчунин тавзеҳ дод ки дар нусхаи ҷадиди докторини ҳастаӣ , шарти истифодаи Русия аз таслеҳоти ҳастаӣ дарёфти иттилооти мувассақ дар бораи шурӯи ҳамалоти густардаи ҳавоӣ - фазоӣ вак убӯр аз марзҳои кишвари Федератсияи Русия аст . Путин афзӯд : « Манзури ман нақзи ҳарими ҳавоии Русия тавассути ҳавопаймоҳои стротежик ё тактикӣ , мӯшакҳои круз , паҳподҳо , силоҳҳои мофавқи савт ва дигар абзорҳои парвозӣ аст . »
Раиси ҷумҳӯри Русия ҳамчунин ба тағиротӣе, ки қарораст дар докторини ҳастаӣ аъмол шавад , ишора карда ва ёдовар шуд ки ин тағирот тавассути мутахассисони Вазорати дифоъ , вазорати умӯри хориҷа , ва дигар ниҳодҳои муртабити тайи як соли гузашта мавриди баррасии қарор гирифтаанд . Путин эълом кард ки санади ҷадид бар пояи таҷзия ва таҳлили амиқу арзёбии дақиқи ниёз ба тағйири рӯйкардҳои Русия ба истифодаи эҳтимолӣ аз нерӯҳои ҳастаӣ тадвин шудааст .
Владимир Путин ҳамчунин ба яке аз нукоти муҳими нусхам ба рӯз шудаи докторини Русия ишора кард ки бар асоси он , ҳаргуна таҷовузи алайҳи Русия аз сӯи як кишвари ғайриҳастаӣ бо мушорикат ё ҳимояти як кишвари ҳастаӣ , ба унвони ҳамлаи муштараки алайҳи Русия талаққӣ хоҳад шуд . Вай изофа кард : « Дар ин робита , мо ҳаққи худро барои истифода аз таслеҳоти ҳастаӣ дар сӯрати таҷовуз ба Русия ва Беларусия ба унвони “ кишвари муттаҳид “ маҳфӯз медонем . Тамомии ин масоил бо мақомоти Беларусия ва шахси раиси ҷумҳӯри он кишвар ҳамоҳанг шудааст . Ҳатто агар душман бо истифода аз таслеҳоти маъмӯлӣ таҳдиди ҷиддии алайҳи ҳокимияти ҳар яки аз мо эҷод кунад . » Путин дар поён ёдовар шуд ки тамомии ин ислоҳот бо диққати тамом мавриди баррасии қарор гирифта ва бо таҳдидот ва хатароти низомии муосири Русия мутобиқат пайдо кардааст .
Баррасии раванди ҷанги Украин дар сеюмин соли он намоёнгари онаст ки артиши Украина тавони ақаб рондан русҳо аз шарқи Украинаро надорад ва барои ҳар тағйирӣ дар раванди ҷанг бо Русия мебоист майдони ҷангро густариш бидиҳад . Ҳамлаи ногаҳонӣ ва ғофилгиронаи артиши Украина ба устони марзии Курски Русия барои муовизаи замин дар баробари замин дар ҳар гӯнаи музокироти сулҳи эҳтимолӣ дар ҳамин росто сӯрат гирифт . Албатта ба рағми муваффақиятҳои аввалияи Украина аммо неруҳои русӣ ба тадриҷи муваффақ ба таваққуфи пешравии Украиниҳо ва акнӯн берун рондани тадриҷии онҳо аз манотиқи мутасаррифӣ дар Курск шудаанд . Гоми баъдии Владимири Зеленский раиси ҷумҳӯри Украина барои густариши доманаи ҷанги Украина истифода аз таслеҳоти дурбурди ғарбӣ барои ҳамалоти умқӣ ба хоки Русия ва ҳадаф қарор додани зерсохтҳои низомӣ , санъатӣ ва иқтисодии Русия ба манзури тазъифи тавони Маскав аст . Аммо ин иқдоми пур мухотира ки бо ҳимояти бархе кишварҳои ғарбӣ монанди Британия рӯбарӯ шуда вокуниши ҷиддии Русияро дар қолаби ҳушдори ҳастаии сариҳи Путин ба дунбол доштааст . Маскав қасди ҷиддӣ дорад то дар баробари ин стротижии Украин ва НАТО муқовимат карда ва ба баҳсу ҷадалҳо байни сарони ғарбӣ дар бораи ироа ё адами ироаи муҷаввиз ба Киев барои истифода аз силоҳҳои дурбурди аъам аз мӯшакҳои круз ва мӯшакҳои замини партоби дақиқ дар ҳадафи қарор додани умқи хоки Русия поён бидиҳад . Дар ин росто Русия ба охирин корти барандаи худ дар баробари Ғарб яъне зарродхонаи ҳастаии худ мутавассил шуда вабои тағйири докторини ҳастаиаш қасд дорад истифодаи эҳтимолӣ аз онро дар сояи таҳаввулоти низомӣ ва амниятии оянда тасҳили намояд .
Русия ки акнӯн бо иқдомоти таҳоҷумии НАТО ва Амрико дар қолаби кумакҳои низомии густарда ба Украина , ҳимоятҳои иттилоотӣ ва эъзоми нерӯҳои ғарбӣ барои кумак ба Украина , омода боши ҳастаии НАТО ва акнӯн иқдоми Вашингтон барои эътои муҷаввиз ба Украина барои истифода аз силоҳҳои амрикоӣ ба манзури ҳамла ба хоки Русия мувоҷеҳ аст , чорае ҷузи афзоиши тавони боздорандагии ҳастаии стротежики худ ба масобаи посухӣ ба хусумати рӯзафзӯни Ғарб ва низ тазмине барои ҳифзи амнияти миллиаш намебинад .
Масъалаи муҳими дигар дар суханони Путин ишораи ӯ ба ин амр аст ки нерӯҳои се гонаи ҳастаӣ ҳамчунон муҳимтарин тазминкунанда амнияти Русия ва шаҳрвандони ону абзоре барои ҳифзи тавозуни роҳбурдӣ ва таъодули қудратҳо дар ҷаҳонаст . Ӯ ҳамчунин таъкӣд кард ки вазъияти низомӣ - сиёсии ҷаҳонӣ ба суръат дар ҳол тағйир аст ва Русия бояд ин тағиротро дар назар бигирад . Ба гуфтаи вай ин тағирот шомили зуҳури манобеъи ҷаддиди таҳдидҳо ва хатарот барои кишвар ва муттаҳидони он аст. Вай афзӯд: Муҳим аст. ки таҳавулоти вазъиятро пешбинӣ карда ва мафоди докторини ҳастаӣ ва барномарезии роҳбӯрдии кишвар дар заминаи амниятиро бо воқеъиятҳои кунуни татбиқ даҳим.»
Нуктаи охир инки Путини пеш аз ин эълом кардааст ки Русия ҳеҷ кишвариро бо таслеҳоти ҳастаӣ таҳдид намекунад ва танҳо барои дифоъ аз ҳокимияти худ аз чунин таслеҳоте истифода хоҳад кард . Ғарбиҳо ба вижа дар авоили ҷанги Украина ба роҳ андохта ва муддаӣ буданд ки Русия дар сӯрати ба бунбаст расидани ҷанг ва ё дахолати НАТО дар ҷанги Украина , аз зарродхонаи ҳастаии худ истифода хоҳад кард . Ин дағдаға замонӣ эҷод шуд ки раиси ҷумҳӯри Русия дар рӯзҳои оғози ҷанги Украина дастур дод то неруҳои ҳастаии стротежики Русия дар ҳолати омода боши комил қарор гиранд . Дастури Путин барои омода боши неруҳои ҳастаии стротежикии Русия бештари иқдомии боздоранда дар қиболи ҳар гӯна мудохилаи эҳтимолии низомии НАТО ва Амрико дар ҷанги Украина буд . Бо ин ҳол ғарбиҳо талош карданд то онро таҳдидии қарибалвуқуъ ҷилва диҳанд . Нуктаи муҳим инки тақвияти тавонмандии ҳастаии Русия дар як даҳаи ахир асосан дар чорчӯби муқобила бо таҳдидоти физояндаи Ғарб ба вижа талоши Амрико барои навсозии густардаи зарродхонаи ҳастаеии худ ва низ ба манзури муқобила бо тавсеаи талаби НАТО ва густариш ба сӯии шарқ ва истиқрори сомонаҳои зидди мушакии Амрико дар аврупои шарқӣ сӯрат гирифтааст . Дар айни ҳол рӯёрӯии фазояндаи Русия ва НАТО дар аврупои шарқӣ низ дар афзоиши омодагии ҳастаии Русия нақш доштааст .
Аз суйи дигар, дахолатҳои мукаррари Ғарб дар умири дохилии Русия ва дигар иқдомоти дӯстонаи ғарбиҳо алайҳи Маскав низ сабаби вогирои фароянди Русия ва афзоиши ҳастаии стратежикии Русия шудааст. Дар ин росто Владимир Путин борҳо зимни таъкид бар афзоиши тавони низомии мутаъорифи ин кившар, бар навсозӣ ва густаритши ҳарчӣ сариътари зарротхонаи застаии старатежикии Русия ба унвони рукни аслии боздорнадагии он таъкид кардааст.