Гуфтугӯи телефонии раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i66226-Гуфтугӯи_телефонии_раисони_Ҷумҳурии_Тоҷикистон_ва_Қирғизистон
Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо баррасии авзои марзии ду кишвар дар пайи даргирии ахир бар зарурати ҳалли ихтилофоти марзӣ аз роҳҳои сиёсӣ ва музокироти дуҷониба таъкид карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 30, 2021 21:14 Asia/Dushanbe
  • Ҷабборов: Ман барои таҳқиқи низои марзии ахир ба Тоҷикистон сафар мекунам
    Ҷабборов: Ман барои таҳқиқи низои марзии ахир ба Тоҷикистон сафар мекунам

Раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар гуфтугӯи телефонӣ бо баррасии авзои марзии ду кишвар дар пайи даргирии ахир бар зарурати ҳалли ихтилофоти марзӣ аз роҳҳои сиёсӣ ва музокироти дуҷониба таъкид карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии Раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Ҷабборов дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо ёдоварии равобити дӯстонаи ду кишвар, эҳтиром ба тамомияти арзӣ ва ҳам зистии мусолиматомез ду миллати ҳамсоя ، бар зарурати ҳифзи оромишу парҳез аз доман задан ба ихтилофот таъкид карданд . 

 

Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон эълом кардааст, ки барои баррасии ин мавзӯ  омодаи сафар ба Тоҷикистон аст то дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон дар бораи роҳҳои суръат бахшидан ба музокироти дуҷониба ба манзури аломатгузории марзҳои ду кишвар ва поён додан ба ихтилофот гуфтугӯ кунад. 

Ҳамчунин рӯзи шанбеи аввали моҳ май соли 2021 бар асоси тавофуқи дуҷонибаи ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қаламрави ноҳияи Ботканд  мавзӯи даргириҳои ахир ва аломатгузории марзи ду кишвар  баррасӣ хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: