Тоҷикистон нерӯ ва таҷҳизоти низомии худро ба маҳали истиқрор бозгардонд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i66262-Тоҷикистон_нерӯ_ва_таҷҳизоти_низомии_худро_ба_маҳали_истиқрор_бозгардонд
Тоҷикистон бар асоси тавофуқи оташбаси имзошуда бо Қирғизистон нерӯҳои марзбонӣ ва таҷҳизоти худро аз минтақаи мавриди муноқиша хориҷ ва ба маҳалли истиқрори доими ин воҳидҳо бозгардонд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 01, 2021 06:58 Asia/Dushanbe
  • Нерӯҳои марзбонӣ ва таҷҳизоти низомии Тоҷикистон ба маҳалли истиқрори доими худ бозгаштанд
    Нерӯҳои марзбонӣ ва таҷҳизоти низомии Тоҷикистон ба маҳалли истиқрори доими худ бозгаштанд

Тоҷикистон бар асоси тавофуқи оташбаси имзошуда бо Қирғизистон нерӯҳои марзбонӣ ва таҷҳизоти худро аз минтақаи мавриди муноқиша хориҷ ва ба маҳалли истиқрори доими ин воҳидҳо бозгардонд.

Ба нақл аз Аки Пресс, ҳамчунин роҳи Ворух ба Исфара ва Исфара ба Ош, ки бо эҷоди мавонеа ва рехтани қум баста шуда буд, бозгушоӣ ва рафту омади мусофирон ва васоили нақлия дар ин масир дубора оғоз шудааст.

Бар асоси эъломи манобеи хабарӣ, дар паи даргирии низомии 29 апрел миёни Тоҷикистону Қирғизистон 43 тан кушта ва беш аз 240 нафар захмӣ шуданд.

Ин даргирӣ дар паи ташдиди ихтилофи дутараф бар сари иқдоми Тоҷикистон дар насби дурбинҳои назоратӣ дар манбаи оби муштарак оғоз ва бо мудохилаи низомиёни ду кишвар муҷиби муноқишае хунин шуд.

Бештар бихонед: