Май 04, 2021 18:09 Asia/Dushanbe
  • 19 кушта ва 88 захмии тарафи Тоҷикистон дар даргирии ахири марзӣ

Бо вуҷӯди сукӯти мақомоти расмии Тоҷикистон дар бораи теъдоди талафот ва захмиҳои даргиририи марзии ахир бо Қирғизистон манобеи вилояти Суғд дар ин маврид ибрози назар кардаанд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, як манба дар вилояти Суғд бидуни ифшои номи хеш эълом кард, ки дар ин даргирӣ 19 нафар кушта ва 88 тан захмӣ шудаанд.

Вай гуфтааст, ки 10 нафар аз кушта шудагон ғайринизомӣ ва 9 тан низ аз нерӯҳои марзбонӣ ва интизомӣ мебошанд. Ҳамчунин 64 захмӣ дар бемористонҳои ноҳияи Исфара ва 24 тан дар марказҳои дармонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ шудаанд, ки ниме аз онон акнӯн мурраххас гардидаанд. Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати тандурустии Қирғизистон эълом кард, ки дар даргирии рӯзи 29 апрел миёни марзбонони тоҷик ва қирғиз 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва 200 нафар низ захмӣ шудаанд.

Даргирии ахири марзӣ дар рӯзи 29 апрели соли ҷорӣ бузургтарин низоъи хунини сокинони рӯстоҳои марзӣ ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон тайи 20 соли ахир мебошад, ки акнӯн бо имзои тавофуқи оташбас фурӯкаш кардааст.

БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп