Май 05, 2021 18:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳукумати Тоҷикистон кумакҳои молии бештаре ба ин хонаводаҳо эҳдо хоҳад кард
    Ҳукумати Тоҷикистон кумакҳои молии бештаре ба ин хонаводаҳо эҳдо хоҳад кард

​​​​​​​Хонаводаҳои қурбониёни даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон ба дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон 70 ҳазор сомонӣ кумаки молӣ дарёфт карданд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии КДАМ имрӯз(5 май), аз оилаҳое, ки фарзандони худро бар асари муноқишаи мусаллаҳона дар марз аз даст доданд, боздид намуда аз номи кишвардори Тоҷикистон ба ҳар як хонавода 70 ҳазор сомонӣ кӯмаки пулӣ расониданд. 

Гуфта мешавад, ки дар даргирии рӯзи 29 апрел миёни сокинони манотиқи марзӣ ва низомиёни тоҷику қирғиз дар марзи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Ботканди Қирғизистон 20 нафар кушта шудаанд, ки 11 тани онон марзбон ва нерӯи полис будаанд.

Раиси вилояти Суғд таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои тарбияти фарзандони афсарони кушта шуда барномаи вижае дорад ва кумакҳои молии бештаре ба ин хонаводаҳо эҳдо хоҳад кард.

Ҳамчунин бар асоси саҳмияи ихтисосии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии ин кишвар фарзандони кушташудагони даргирии марзии ахир бидуни озмӯн дар донишгоҳҳо пазируфта мешаванд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп