13-май дар Тоҷикистон иди Фитр эълом шуд
Май 06, 2021 17:58 Asia/Dushanbe
Панҷшанбе 13 май дар Тоҷикистон иди Фитр эълом шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Шӯрои уламоии Маркази исломии Тоҷикистон, бар асоси ин тасмим Шӯрои уламоии Маркази исломии Тоҷикистон ба хатибони масҷидҳо дастур дод мардумро дар расондани кумакҳои моддӣ ба ниёзмандон ва ҳамчунин ҷилавгирӣ аз исроф дар рӯзи Ид ташвиқ кунанд .
Ҳамчунин муқарар шуд касоне, ки дорои имкониятҳои молӣ ҳастанд метавонанд фитрияи худро ба фақирон ва мустамандон бидиҳанд .
Иди Фитр дар Тоҷикистон таътили расмӣ аст .
Бештар бихонед :
- Истиқболи Эрон аз барқарории оташбас дар Афғонистон ба муносибати иди саиди Фитр
- Намози иди Фитр дар кишварҳои мусулмон
Барчасп