Аёдат аз куҳнасарбозони Тоҷикистон
(last modified Thu, 06 May 2021 14:17:42 GMT )
Май 06, 2021 19:17 Asia/Dushanbe
  • аз 6 куҳнасарбози ба ҷой монда аз Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ аёдат карданд .
    аз 6 куҳнасарбози ба ҷой монда аз Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ аёдат карданд .

Аз куҳнасарбозон(меҳтарон)и тоҷикистонии ширкаткунанда дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ қадрдонӣ шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин маросим ки ба муносибати фаро расидани ҳафтоду ҳафтумин солгарди поёни Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ баргузор шуд, муовини шаҳрдори Душанбе ба ҳамроҳи шуморе аз масъӯлони ноҳияи Сино аз 6 куҳнасарбози ба ҷой монда аз Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ аёдат карданд .

  Дар ин маросим аз тарафи раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ба ҳар куҳнасарбоз 10 ҳазор сомонӣ ва аз тарафи шаҳрдори Душанбе 1500 сомонӣ эҳдо шуд .

  Ҳамчунин раиси ноҳияи Сино низ 750 сомонӣ ба онҳо ҳадя дод .

  Дар ин боздид масъулон аз наздик бо зиндагӣ ва мушкилоти ин сарбозони ба ҷо монда аз Ҷанги ҷаҳонии дувум ошно шуданд ва барои рафъи мушкилоти онҳо қавли ёрӣ доданд .

 

  Бештар бихонед :