Хонаҳои тахрибшуда дар даргирии Тоҷикистон ва Қирғизистон як моҳ бозсозӣ мешавад
Раиси вилояти Суғд ваъда дод дар як моҳи оянда хонаҳои тахрибшуда дар даргирии Қирғизистон ва Тоҷикистон бозсозӣ мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии раёсати вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода дар боздид аз рустоҳои марзии ноҳияи Исфара, ки теъдоде аз хонаҳои сокинони онҳо дар даргирии ахири марзӣ бо Қирғизистон тахриб шуда гуфтааст, ки тамоми масолеҳи сохтмонии мавриди ниёз барои бозсозии ин хонаҳо ба маконҳои таъиншуда интиқол ёфтааст ва сохтусози ин воҳидҳо як моҳа ба поён хоҳад расид.
Вай аз ҳузури довталабонаи мардум барои кумак ба хонаводаҳои зиёндида дар рустоҳои осебдидаи ноҳияи Исфара ва сохти хонаҳои ҷадид қадрдонӣ кард.
Раиси вилояти Суғд ҳамчунин дар ин боздид ба осебдидагон аз даргирии ахири Тоҷикистон ва Қирғизистон кумакҳои молӣ, либос ва маводи ғизоӣ эҳдо кард.
Қаблан мақомоти ноҳияи Исфара эълом карда буданд, ки дар пайи даргирии марзии рӯзи 29 апрел миёни марзбони Тоҷикистони ва Қирғизистон 55 хона дар фармондориҳои Чоркӯҳ, Ворух, Шаҳрак ва Сурх тахриб шудааст.
Бештар бихонед: