Тоҷикистон ва Қирғизистон барои таъини марзии муштарак ба тавофуқ нарасиданд
Ҷаласаи гурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Ош барои аломатгузории 112 км аз марзи муштараки ду кишвар бидуни натиҷа ба анҷом расид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, қаблан мақомоти тоҷик ва қирғиз дар дидоре дар ноҳияи Ботканд эълом карда буданд, ки то рӯзи нуҳуми май бар сари аломтгузории 112 километр аз марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон тавофуқ мекунанд то ин тавофуқнома дар сафари Садир Ҷабборов ба Душанбе ба имзои сарони ду кишвар бирасад.
Бо ин ҳол музокироти 5 рӯзаи гурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Ош, ки аз панҷум то нуҳуми май баргузор шуд бидуни ҳеч тавофуқе поён ёфт.
Гуфта мешавад, ки мавзӯи аломатгузории 112 километр аз марзи ду кишвар миёни ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва Ботканд ва Лайлаки вилояти Ботканд ҳафдаҳуми май дар нишасти дубораи ин гурӯҳҳо дар шаҳри Душанбе баррасӣ хоҳад шуд.
Бар асари даргирии мусаллаҳонаи 29 апрел дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон 19 шаҳрванди тоҷик кушта ва 87 нафари дигар захмӣ шуданд.
Қирғизистони омори ин даргириро 36 куштаи ва 200 захмӣ эълом кардааст.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки токунун танҳо 519 километр аз он аломатгузорӣ шудааст.
Бештар бихонед: