Ирсоли 28 мошини боркаш кумакҳои мардуми Конибодом ба осебдидагони ноҳияи Исфара
(last modified Wed, 12 May 2021 07:03:48 GMT )
Май 12, 2021 12:03 Asia/Dushanbe
  • Кумакҳои мардуми Конибодом иборатанд аз хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, асбобҳои рӯзгор, либос, пойафзол ва асбоби канселярӣ
    Кумакҳои мардуми Конибодом иборатанд аз хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, асбобҳои рӯзгор, либос, пойафзол ва асбоби канселярӣ

28 мошини боркаш кумакҳои сокинони шаҳри Конибодом ба осебдидагони низои марзии ахир бо Қирғизистон дар минтақаи Исфара расонида шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии раёсати вилояти Суғд, ин кумакҳо ба сокинон осебдидаи низои марзии ахир бо Қирғизистон дар деҳоти Чоркӯҳ ва Ворухи ноҳияи Исфара расонида шуд. 

Ба гуфтаи мақомоти вилояти Суғд  ин кумакҳо шомили масолеҳи сохтмонӣ, либос, кафш, лавозими хонагӣ,  асбоби канселярӣ ва маводи ғизоӣ аст. 

Дар ҳоли ҳозир дар ноҳияи Исфара ситоди вижаи бозсозии хонаҳои тахрибшуда бар асари даргирӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рӯзҳои 28 ва 29 апрел, фаъолият мекунад.

Қаблан мақомоти ноҳияи Исфара эълом карда буданд, ки дар пайи даргирии марзии рӯзи 29 апрел  миёни марзбони Тоҷикистон ва Қирғизистон  55 хона дар фармондориҳои Чоркӯҳ , Ворух, Шаҳрак ва Сурх тахриб шудааст. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  чанд рӯз  пеш дар боздид аз рустоҳои осебдида аз даргирии марзӣ дар ноҳияи Исфара гуфта буд, ки тамомии масолеҳи сохтмонии мавриди ниёз барои бозсозии ин хонаҳо ба маконҳои таъиншуда интиқол ёфтааст ва сохту сози ин воҳидҳо як моҳа ба поён хоҳад  расид.

 

Бештар бихонед: