Май 12, 2021 17:47 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон аз мардум хост бо таваҷҷуҳ ба имконоти маводи ғизоӣ, сарфаҷӯиро риоят кунанд
    Эмомалӣ Раҳмон аз мардум хост бо таваҷҷуҳ ба имконоти маводи ғизоӣ, сарфаҷӯиро риоят кунанд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёме ба мардуми кишвараш фаро расидани айёми Иди Саиди Фитрро табрик гуфт ва барои онон саломатӣ, шодӣ, саодат ва сулҳу оромиш орзӯ кард.

Ба гузориши сомонаи Форс дар ин паём омодааст: Додани фитри рӯза, дигар хайроту садақот ва анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ба хонаводаҳои қурбониёни даргирии ахири мусаллаҳона дар марз бо Қирғизистон дар маҳдӯдаи шаҳри Исфара, таслият гуфт ва барои маҷрӯҳони ин ҳодиса орзӯи беҳбудӣ кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо баёни ин ки афзоиши қимати маҳсӯлоти ғизоӣ, ки аз хориҷ ба кишвар ворид мешавад дар ихтиёр давлат нест, аз мардум хост то сарфаҷӯиро риоят кунанд.

Вай гуфт, дар дунёи имрӯз мо набояд ба умеди дигарон бошем ва бояд тамоми талоши худро ба кор бандем то итминон ҳосил кунем, ки мардуми мо аз назари амнияти ғизоӣ бо камбуд рӯбарӯ нахоҳанд шуд.

Фардо дар Тоҷикистон Иди Саиди Фитр аст.

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп