Иқомаи намози иди Фитр дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 13 May 2021 15:18:38 GMT )
Май 13, 2021 20:18 Asia/Dushanbe
  • Иқомаи намози иди Фитр дар Тоҷикистон

Намози иди Фитр дар Тоҷикистон баргузор шуд.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, ҳазорон нафар аз мардуми Тоҷикистон барои шукргузорӣ аз як моҳи рӯзадорӣ ва бандагии Худованд имрӯз дар намози иди Фитр ширкат карданд .

  Барои аввалин бори таи ду соли гузашта, намозгузорон намози иди Фитрро бидуни риояти фосилаи иҷтимоӣ, аммо бо истифода аз ниқоб барпо карданд . Саидмукаррам  Абдулқодирзода-раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар хутбаи намози иди Фитр ба даргириҳои ахир дар марз бо Қирғизистон ва вуқуъи балоҳои табиӣ дар кишвар ишора кард ва аз намозгузорони хост хештандор бошанд, аз хушунат парҳез ва мусолиматомез мушкилотро ҳал кунанд .

Ӯ ҳамчунин аз мардуми Тоҷикистон дархост кард ба осебдидагон аз селу рониши замин кумак кунанд .

Вай гуфт : Дуъо мекунем то дӯстӣ байни мусалмонон амиқтар шавад, зеро дар дӯстӣ баракат вуҷуд дорад ва муҳим аст, ки мо ва шумо таслиму қурбонии фитна нашавем. Намозгузорон низ аз даъвати Абдулқодирзода  барои дӯстӣ бо шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя ва иқомаи намозҳои муштарак дар масҷидҳо истиқбол карданд.

Ҳоҷӣ Муҳаммадюсуф-яке аз сокинони Душанбе гуфт : Мо баъд аз поёни коронавирус ба масҷид омадаем ва бо мардум намоз хондаем .

  Аммо бархе аз сокинон гуфтанд, ки агарчи таътилот мардумро ба шавқ овардааст, аммо онҳо ҳануз нигарони воқеъаҳои ахир, эҳтимоли шуюъи дубораи корона афзоиши қиматҳо ҳастанд .

 

  Бештар бихонед :