Никол Пашинян аз Эмомалӣ Раҳмон кумак хост
(last modified Sat, 15 May 2021 12:07:28 GMT )
Май 15, 2021 17:07 Asia/Dushanbe
  • Никол Пашинян аз Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раиси давраии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дархости кумак кардааст
    Никол Пашинян аз Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раиси давраии Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дархости кумак кардааст

Иҷрокунандаи муваққатии вазифаи сарвазири Арманистон Никол Пашинян ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ба раиси СПАД муроҷиат намуд.

Ба нақл аз идораи матбуотӣ ва равобити умумии дафтари сарвазири Арманистон, Иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Арманистон, Никол Пашинян ба раиси Шӯрои СПАД, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар аъзоёни Созмон номаҳо фиристод.

Муроҷиатномаҳо дар робита ба моддаи 2 шартномаи СПАД ирсол гардидаанд.

Ин маънои онро дорад, ки таҳдид ба амният, субот, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Арманистон ҳамчун як кишвари узви СПАД вуҷуд дорад.

Қайд мешавад, ки сарвазир аз вазъ дар марзи Арманистон ва Озарбойҷон нигарон аст.

Тибқи маълумоти расмӣ, вазъ дар минтақаи Сюник дар марз шадид гардидааст.

Тибқи муқаррароти СПАД, пас аз муроҷиат, кишварҳои узви созмон бояд машваратҳо доир кунанд, то барои рафъи хатари баамаломада, чораандешӣ кунанд.

Бештар бихонед: