Декабр 16, 2021 22:24 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил : Таъкиди раиси ҷумҳурии Озарбойҷон бар густариши робита бо НАТО

Сиёсатҳои як соли гузаштаи раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ба вижа дар заминаи поён додан ба муноқиша бо Арманистон мухотироти кишварҳои минтақаи Қафқози ҷанубиро ташдид ва кишварҳои ҳошияи ин минтақаро бо таҳдидҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад сохт. Илҳом Алиев-раиси ҷумҳурии Озарбойҷон дар идомаи раванди тасмимгирии сиёсатҳои номуносиби минтақаии худ, бори дигар таҳдиди ҷиддитареро алайҳи кишварҳои мустақили минтақа бахусус Эрону Русия матраҳ кардааст.

Илҳом Алиев дар дидори  Йенс Столтенберг-дабири кулли Созмони паймони Атлантики шимолӣ ( НАТО ) дар Брюссел хостори густариши равобити ду ҷонибаи ҷумҳурии Озарбойҷон бо ин созмони низомӣ шудааст . Дар ин дидор  раиси ҷумҳурии Озарбойҷон бо эъломи ин ки кишвараш бо кишварҳои узви НАТО ҳамкориҳои роҳбурдӣ дорад, тасреҳ кард : Ҳамоҳангии низомии амалиётӣ миёни неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва созмони НАТО дар ҳоли густариш аст.
Раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунин дар конфаронси матбӯотӣ бори дигар мавзӯи сохти коридори Зангезур дар хоки Арманистон барои иттисол бо ҷумҳурии худмухтори Нахҷавонро такрор кард . Изҳороти раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ба манзури иҷрои тарҳи мавриди назари давлати Туркия дар хоки Арманистон мабнӣ бар дар ихтиёр гирифтани долони мавсӯм ба Зангезур, ки мудом тавассути шахси Илҳом Алиев такрор мешавад дар шароите,аст ки пеш аз ин мақомҳои давлати Ереван борҳои мухолифати худро бо иҷрои ин тарҳи тааммулбарангез иброз доштаанд.

Ба унвони мисол Никол Пашиниён,нахуствазири Арманистон ахиран гуфтааст,ки  кишвараш бо додани долон ба ҷумҳурии Озарбойҷон барои пайваст шудани ин кишвар ба Нахҷавон аз тариқи хоки Арманистон мухолиф аст.
Изҳороти Илҳом Алиев дар дидор бо дабири кули НАТО нишон медиҳад, ки давлати Боку таҳти фишорҳои шадиди Туркия қарор дорад ва талош мекунад ба ҷои касби манофеи миллии Ҷумҳурии Озарбойҷони мудом дар паии таъмини манофеи Туркия дар Қафқози ҷанубӣ аст . Пеш аз сафари раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ба Брюссел, Хулуси Акор- вазири дифои Туркияи ҳимояти кишварашро аз навсозии артиши ин кишвари ҳавзаи Қафқози ҷанубӣ эълом кард .
Вай дар суханоне дар порлумон Туркия гуфтааст : Неруҳои мусаллаҳи Туркияу Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамкориҳои дуҷонибаро дар оянда беш аз пеш густариш хоҳанд дод.
Табиӣ аст,ки Туркия яке аз аъзои фаъоли созмони паймони Атлантики шимолӣ - НАТО ва дуюмин артиши ин созмони низомиро дар ихтиёр дорад . Пас аз поёни ҷанги дувуми Қарабоғ, мақомҳои Русия дар паи имтиёздиҳӣ ба Озарбойҷон буданд то битавонанд назари мусбати мақомҳои Бокуро барои пайвастан ба иттиҳодияҳои минтақаии вобаста ба урдуи Шарқ ҷалб кунанд . Дар идомаи ин раванд  Туркия тавонист дар хутути тамоси неруҳои сулҳбони русӣ дар хутути тамоси Ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистони як ҷойгоҳи маҳдуду ҷузъӣ ба даст оварад .
Аммо пешбинии мақомҳои Русия дуруст набуду Ҷумҳурии Озарбойҷон на танҳо ба ҳамгаройӣ бо Русия мутамойил нашуд, балки аз ҳамон ибтидо барои ҳамгаройӣ бо кишварҳо ва ниҳодҳои ғарбӣ талоши музоъаферо дар дастури кор қарор дод . Дар ин миён Русия, ки ҳамвора мухолифати худро бо густариши НАТО ба самти Шарқ иброз медошт, бо дасти худ дуюмин артиши НАТО-ро ба марзҳои худ даъват кард . Дар ҳақиқат бо ибрози тамоюли раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ба густариши робита бо НАТО ва навсозии артиши ин кишвар тавассути яке аз фаъолтарин аъзои ин созмони низомӣ, яъне Туркия  хароҷотҳои муқобила бо НАТО-ро беш аз пеш афзоиш додааст . Дар ин шароит бо густариши ҳамкориҳои низомии ҷумҳурии Озарбойҷон бо Туркияву НАТО дар ҳақиқат мушкилоти Русия ташдид шудааст .
Дар ин шароит коршиносони арманӣ мегӯянд : Дар сурати дар ихтиёр гирифтани долони Зангезур дар хоки Арманистон, ҳазинаҳои Русия бештар аз дигар кишварҳои минтақа афзоиш хоҳад ёфт .
Дар ҳамин иртибот Ван Ҳамбардзумиён- коршиноси низомии Арманистон ، гуфтааст : Чанд моҳе аст, ки мақомҳои Боку-Анқара бо илҳом аз пирӯзии ҷумҳурии Озарбойҷон дар 44 рӯза бо Арманистон тактикаи ҷанги хазандаро дар дастури кор қарор додаанд . Онҳо медонанд ки омодагии размии Арманистон шикаста шудааст . Ба ҳамин далел  талош мекунанд то ҳаддиаксарро ба даст биоваранд ва чандин ҳадафи дурдастро дунбол кунанд . Ҷумҳурии Озарбойҷон пас аз гирифтани мавқеъиятҳои матлуб дар тӯли хутути тамос дар гоми нахуст, дар гоми дувум ба манзури эҷоди фишори беамон ва нигаҳи доштани ҷомеъаи Арманистон дар фазои тарс ҳастанд .
Ин коршиноси низомии Арманистон дар айни ҳол тасреҳ кард : " Ҳадафи ниҳоии Ҷумҳурии Озарбойҷони дастёбӣ ба коридор ва ба расмият шинохтани тамомияти сарзаминии он аст . Барои дарёфти каридор бо Туркияву Нахҷавон аз тариқи Сионик, Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳар коре ки метавонад анҷом хоҳад дод " . Дар ин шароит Туркия, ки ба далоили гуногуни ташдиди ихтилофҳо бо Амрикову Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоли тарк шудан аз НАТО ва ниҳодҳои ғарбӣ буд, бо баҳрабардорӣ аз шароити мавҷуд ва таҳдиди Русия тавонистааст ба ҳамкориҳои худ бо ниҳодҳои ғарбӣ идома диҳад .
Дар як ҷамъбандии куллӣ аз шароити эҷодшудаи мавҷуд дар сатҳи минтақа бояд гуфт : Тарҳи каридори Зангезур на танҳо як тарҳи оддӣ барои ҳамкориҳои ду ва чандҷониба нест, балки бо дар ихтиёр гирифтани як долон дар қаламрави Арманистон, мушкилоти Арманистон дар равобит бо Эрону Русия  мухтал хоҳад шуд ва Русия бояд худро бо маҷмӯъае аз кишварҳои узви созмони низомии НАТО дар Қафқози ҷанӯбӣ омода кунад .



Бештар бихонед :

 

Барчасп