Май 16, 2021 11:32 Asia/Dushanbe
  • Бобоҳидо Ҳайдарови 72 сола дар соли 2015 боздошт шуда буд
    Бобоҳидо Ҳайдарови 72 сола дар соли 2015 боздошт шуда буд

Масъули собиқи созмони Ҳизби мамнӯъаи наҳзати исломии Тоҷикистон дар деҳаи Чоркуҳи ноҳияи Исфара пас аз поёни даврони маҳкумияташ аз зиндон озод шудааст .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ,Бобоҳидо Ҳайдарови 72 сола дар соли 2015 ба иттиҳоми ончӣ ки ҳамкории Ҳизби наҳзати исломӣ бо шӯриши генерал Абдулҳалим Назарзода хонда шуд, боздошт ва ба 6 сол зиндон маҳкум шуд .

  Пас аз ин ҳодиса теъдоди зиёде аз мақомот ва аъзои ин ҳизб боздошт ва ба иттиҳоми иртибот бо тероризм ва талош барои барандозии низоми сиёсии ҳоким дар Тоҷикистон ба зиндонҳои тӯлонимуддат маҳкум шуданд .

  Масъӯлони Ҳизби мамнӯъаи наҳзати исломӣ ин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд шӯриши генерал Назарзода-муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон бо ҳадафи мамнӯъияти фаъолияти ин ҳизб созмондеҳӣ шуд, зеро иртиботе миёни ин ҳизб ва генерал Назарзода вуҷуд надошт .

  Ин дар ҳоле аст, ки созмонҳои байналмиллалии мудофеъи ҳуқуқи башар борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардаанд, ки дар парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи масъулону аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ бознигарӣ кунад .

    

  Бештар бихонед :

 

Барчасп