21 май замони оғози мусобиқоти варзишии Тоҷикистон
Май 16, 2021 19:55 Asia/Dushanbe
Мусобиқоти варзишии Тоҷикистон аз 21 май оғоз мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Комитети миллии олимпиадаи Тоҷикистон ин мусобиқот, ки ба муносибати фаро расидани сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон баргузор мешавад то 30 июнн идома дорад.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, баскетбол, бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейбол, гӯштингирӣ, тирандозӣ бо камон, каратэ, таэквондо ва ҳандбол аз намудҳои варзиш дар ин мусобиқа мебошанд.
Ба гуфтаи масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқаҳои вазнабардорӣ дар Кӯлоб, волейбол дар Хоруғ ва мусобиқаҳои тирандозӣ бо камонӣ дар Хуҷанд баргузор мешаванд.
Бештар бихонед:
Барчасп