Май 17, 2021 09:12 Asia/Dushanbe
  • Ширкати русии “Северний ветер” мегӯяд, Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон парвозҳои ин ширкатро лағв кардааст
    Ширкати русии “Северний ветер” мегӯяд, Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон парвозҳои ин ширкатро лағв кардааст

Садҳо мусофир, ки аз қабл барои парвоз ба Русия билетҳои ширкати русии “Северний ветер”-ро харидорӣ карда буанд, як ҳафтааст, ки наметавонанд аз Душанбе ва Хуҷанд парвоз кунанд.

Ба нақл аз Toptj, Мироҷ Азизов, намояндаи ширкати “Северний ветер” дар Душанбе далели саргардонии 2 ҳазор мусофирро лағви иҷозатномаи парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат аз сӯи Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон унвон кардааст.

Вай мегуяд: “Қаблан барои интиқоли мусофирон аз Тоҷикистон бо парвозҳои ин ширкат иҷозатнома содир шуда буд. Аммо ахиран Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба баҳонаи бузург будан ҳавопаймоҳо ва ҷавобгу набудани фурӯдгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд барои пазириши ин ҳавопаймоҳо иҷозатномаи парвозро лағв ва 2 ҳазор мусофирро саргардон кардааст. Ҳоли онки бо ҳавопаймоҳои дорои зарфияти интиқоли 400 мусофир ду парвоз анҷом шуд ва ҳеч мавзуи амниятӣ ва гунҷоиши фурӯдгоҳҳо матраҳ набуд”.  

Вай афзудааст: “Ҳамчунин ба дархости Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон қиммати билети парвоз коҳиш дода шуд ва арзонтарин нархро ин ширкат пешниҳод мекунад, ки аз 3 то 8 ҳазору 500 сомонӣ мебошад”.

Бар асоси ин гузориш, мақомоти Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон ҳозир ба посух додан дар ин маврид нашудаанд.

Ҳазорон нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона натавонистанд ба Русия раванд, талош мекунанд, ки бо дарёфти қарзҳои бонкӣ ва таҳияи билет ба қиммати гарон барои кор худро ба Русия бирасонанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп