Таъвиқи аз саргирии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Чин
Аз саргимриии парвозҳои ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистон ва Чин дубора таъвиқ шуд.
Замони нахустин парвози ҳавопаймо миёни Тоҷикистон ва Чин пас аз ду сол вақфа, ки 23-уми июни соли ҷорӣ таъин шуда буд дубора ба замон номаълум мавкул шуд.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик сафорати Чин дар Тоҷикистон эълом кард далели таъхири ин парвозро бояд Созмони ҳавопаймоии кишвари Тоҷикистон тавзеҳ диҳад.
Аммо то лаҳзаи интишори хабари Созмони ҳавопаймоии кишвари Тоҷикистон дар ин маврид ҳеч тавзеҳи надодааст.
Бар асоси эъломи қаблии ин Созмон қарор буд ду ширкати тоҷикистонӣ Сомон Эйр ва China Southern Airlines ҳафтаи як парвоз миёни Душанбе ва Урумчи анҷом диҳанд. Парвози ҳавопаймоҳои мусофирбари миёни Тоҷикистон ва Чин аз 10-уми апрели соли 2020 ба далели вируси Короно мутавақиф шуд.